Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико марз бо Мексикро таҳким медиҳад


Мақомоти Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, ҳукумати президент Барак Обама 1500 сарбози горди миллиро дар марзи Амрико ва Мексик ҷобаҷо мекунад, то аз қочоқи инсон, силоҳ, маводи мухаддир ва пул пешгирӣ намояд. Он ҳамчунин барои таҳкими ин марз, ки ба гузаргоҳи беназорати муҳоҷирон табдил ёфтааст, 500 миллион доллар сармоягузориро пешбинӣ мекунад. Гуфта мешавад, бо омода шудани марзбонон нерӯҳои горди миллӣ аз марз хориҷ хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG