Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оилаи Младич мехоҳад ӯро мурда эълон кунад


Хонадони айбдоршавандаи ҷиноятҳои ҷангии Югославии собиқ Ратко Младич аз тариқи як рӯзномаи сербӣ хостааст, ки Младич фавтида эълон шавад. Собиқ фармондеҳи серб бо иттиҳоми қатли омҳо дар соли 1995 мавриди таъқиби Додгоҳи ҷиноятҳои ҳарбии Созмони Милал аст. Мақомоти Сербия дар боздошти он ҳамкорӣ накардаанд ва миллатгароёни серб ӯро қаҳрамони миллӣ мешуморанд. Бо дархости хонаводааш гурӯҳи ҳуқуқшиносон асноди даргузашти ӯро омода мекунад.
XS
SM
MD
LG