Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи Шимолӣ равобит бо Кореяи Ҷанубиро қатъ кард


Кореяи Шимолӣ мегӯяд, ҳамаи равобити худро бо Кореяи Ҷанубӣ қатъ кард. Изҳороти Пхенян дар ҳоле садо медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Кореяи Шимолиро дар ҳамла ба як киштии Кореяи Ҷанубӣ айбдор мекунад. Бар асари ин ҳамла дар ду моҳе пеш киштии Кореяи Ҷанубӣ ғарқ карда шуд ва 46 маллоҳи он ба ҳалокат расиданд. Бо радди ин иттиҳомот Пхенян инчунин гуфтааст, ҳамаи шаҳрвандони Кореяи Ҷанубиро аз минтақаи мушатарки саноатияш дар марзи ду кишвар ихроҷ хоҳад кард. Масъулияти Пхенянро дар ғарқ кардани киштӣ дирӯз як ҳайати байнулмилалии муҳаққиқон низ тасдиқ намуд.
XS
SM
MD
LG