Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти махфии артиши Амрико


Назар ба хабарҳо бо ҳадафи аз байн бурдани таҳдиди гурӯҳҳои ҷангҷӯй дар Эрон, Арабистони Саудӣ, Сомалӣ ва кишварҳои дигар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико амалиёти низомии пинҳониеро раҳандозӣ кардааст.

Рӯзномаи Ню Йорк Тамс ("The New York Times") навиштааст, ки амри махфии иҷрои ин амалиёт соли гузашта ба имзо расида буд.

Ба навиштаи рӯзномаи "The New York Times" ИМА як идда иқдомҳои пинҳонӣ пиёда мекунад, ки мақсад аз он афзоиши таъсири нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дар мубориза бо Ал-Қоида ва дигар гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ мебошад.

Муаллифи мақола бо ишора ба мансабдорон ва санадҳои низомии ИМА таъкид мекунад, ки 30-уми сентябри соли гузашта фармондеҳи ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА дар берун аз қаламрави ин кишвар Дейвид Петреус амреро имзо кард, ки баргузории амалиёти махфӣ ба хотири ҷамъи иттилоъ ва эҷоди равобит бо нерӯҳои маҳаллиро иҷозат медиҳад.

"Мақоларо такзиб ё рад намекунанд"

"The New York Times" идома медиҳад, ки дар чорчӯби иҷрои ин фармон ба низомиён ҳақ дода шудааст, ки нерӯҳои таъйиноти хоси ИМА-ро ба кишварҳои дӯсту душман дар хоки Ховари Миёна, Осиёи Марказӣ, Африқо ва аз ҷумла Эрон фиристанд.

Ниҳодҳои давлатии ИМА аз тасдиқ ва ё такзиби ин мақола худдорӣ мекунанд, вале "The New York Times" бо такя ба суханони як мансабдорони амрикоӣ исрор меварзад: амалиёти низомӣ бар пояи истихборот бунёди шабакаи пинҳониеро мадди назар дорад, ки "метавонад ба созмонҳои ҷангҷӯй дохил шавад, онҳоро барҳам ва занад, мағлуб ва ё маҳв кунад".

Фармони пинҳонӣ амалиёт дар қаламрави кишварҳои дӯсту душман ба хотири дарёфти иттилои бештар дар бораи Ал-Қоида ва дигар гурӯҳҳои террористии мухолифи ИМА-ро дастгирӣ мекунад. Гурӯҳҳои таъйиноти хос ҳамчунон иҷозат доранд, ки бо гурӯҳҳои дигарандеш ва эҳтимолан ҳамкор дар мубориза бо террористон равобит барқарор кунанд.

Эъломияи Женева ва иҷрои ин амри махфӣ

"The New York Times" бар ин назар аст, ки дар робита бо Эрон дастури махфӣ фақат ҷамъи иттилоъ дар бораи барномаи ҳастаӣ ва гурӯҳҳои дигарандешро мадди назар дорад.

Маъмурияти президенти ИМА Барак Обама ҳам борҳо гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир муҷозот дар иртибот бо барномаи ҳастаии Эрон таҳримҳои дипломативу иқтисодиро дар бар мегирад.

Тибқи гузоришҳо баъзе мансабдорони низомии ИМА аз он нигаронанд, ки дар ҳоли боздошт дар кишварҳои хориҷӣ низомиёнро ҳамчун ҷосус арзёбӣ хоҳанд кард, на чун сарбоз, ки мақоми он дар Эъломияи Женева ташхис шудааст.

"The New York Times" ҳамкории рӯ ба тавсеаи низомиёни ИМА бо нерӯҳои артиши Яманро самараи ҳамин амалиёти пинҳонӣ номидааст. Ахиран ИМА ваъда дод, ки ба артиши Яман ба маблағи 155 миллион доллар зиреҳпӯш, чархбол ва силоҳи хурд мефиристад. Ҳамчунон киштиҳои амрикоӣ чандин паноҳгоҳи ҷангҷӯён дар хоки Яманро мушакборон карданд.
XS
SM
MD
LG