Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Конфронси озодии матбуоти Осиёси Марказӣ дар Душанбе


Имрӯз дар шаҳри Душанбе конфронси дурӯзаи намояндагони расонаҳои хабарии Осиёи Марказӣ ба кор шурӯъ кард. Дар ин конфронс равандҳои рушди расонаҳои хабарӣ ва мушкилоте, ки рӯзноманигорон дар минтақа бо он рӯ ба рӯ ҳастанд, баррасӣ мешавад. Ин конфронсро намояндагии САҲА дар Тоҷикистон ташкил кардааст. Дуням Миатович-намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот, ки дар кори конфронс ширкат дорад, гуфт, ки дастрасии озод ба манобеи хабарӣ ҳанӯз ҳам мушкили умда дар минтақа аст. Ҳамаи расонаҳои хабарии Тоҷикистон ба кори ин конфронс муносибати яксон надоранд. Масалан, намояндагони "Медиа-Алянс" ба раҳбарии Зафар Абдуллоев аз ширкат дар кори конфронс худдорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG