Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёрии ИМА ба осебдидагони Кӯлоб


Ду ҳавопаймои артиши Амрико ёриҳои башардӯстонаи ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба зарардидагони офтаҳои табиӣ дар Кӯлоб расониданд. Навбати аввали ин кӯмакҳо аз 170 хайма иборат аст.

Дар ҳоли ҳозир, мардуми аз селхезӣ осебдидаи Кӯлоб дар 800 хайма дар варзишгоҳи шаҳр ба сар мебаранд. Дар маҷмӯъ, ҳукумати Амрико тасмим гирифтааст, дар ҳаҷми 550 ҳазор доллар ёриҳои башардӯстона бирасонад.

Ин кӯмакҳо дар пайи дархости ёрии ҳукумати Тоҷикистон аз ҷомеаи байнулмилалӣ имконпазир гаштааст. Ҳукумати Тоҷикистон ҳаҷми умумии зарар аз сел дар Хатлонро тақрибан 600 миллион доллар гуфтааст.




XS
SM
MD
LG