Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Вашингтон ба созиши табодулаи сӯхти ҳастаии Эрон


Вашингтон ба созиши табодули уран ва сӯхти ҳастаӣ байни Эрон ва Бразилияву Туркия бо шубҳа нигаристааст ва қатъномаи пешниҳодии таҳримҳои нави зидди Эронро ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал пешниҳод кардааст. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико Филип Кроулӣ гуфт, бунгоҳи ҳастаӣ аз Вошингтон дар мавриди номаи Эрон назар хостааст: "Бунгоҳи ҳастаӣ нусхае аз номаи Эронро ба Иёлоти Муттаҳида расонд ва хостори изҳори назар шуд. Мо медонем, ки Фаронса ва Русия низ ҳамчун тарафҳои пешниҳод аз ин нома дастрас кардаанд. Мо бо шарикони худ дар ҳоли машварат ҳастем ва ба зудӣ назари хеш ва нигарониро, ки Эрон бояд масъалаҳое бештар аз реактори пажҳӯҳишии Теҳронро баррасӣ кунад, ба бунгоҳи ҳастаӣ хоҳем расонд."
Созиши табодули уран ва сӯхти ҳастаӣ бо миёнаравии Бразилия ва Туркия ҳосил гашта буд. Бино бар он Эрон қарор аст, зиёда аз ними урани камтар ғанишудаи худро барои дарёфти сӯхти ҳастаӣ ба Туркия медиҳад. Аммо созиш ба талаби қатъи ғанисозии уран дар дохили Эрон дахл накардааст.
XS
SM
MD
LG