Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Касянов торумори ЮКОС-ро фармоиши Кремл номид


Сарвазири собиқи Русия Михаил Касянов имрӯз дар додгоҳи Маскав гуфт, Кремл ба маҳзи қаҳри раисиҷумҳури вақт Владимир Путин аз аҳзоби мухолифро маблағгузорӣ кардани Михаил Ходорковский ба боздошти ӯ амр дода буд.Касянов дар пайи мурофиа ба хабарнигорон гуфт: “Ман далоили худамро овардам, ки эътиқоди ман ба ангезаи сиёсӣ доштани ин мурофиа ва ягон замина надоштани иттиҳомоти эълоншударо собит мекунад."
Касянов дар додгоҳ гуфт, ки Путин ба ӯ гуфта буд, ки моликони ширкати нафти ЮКОС –Ходорковский ва Платон Лебедевро дар соли 2003 ба далели маблағгузорӣ ба ҳизби коммунист боздошт карданд.
Ба дунбол, империяи тиҷоратии Ходорковскийро барҳам дода, онро асосан ба ширкатҳои таҳти назорати давлати Русия фурӯхтанд. Мақомоти Русия то кунун вуҷуди ҳар навъ ангезаи сиёсӣ дар заминаи таъқибу боздошти Ходорковский ва шарикони ӯро радд мекарданд.
XS
SM
MD
LG