Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон хостори табдили се амрикоии боздоштшуда шуд


Вазири иттилооти Эрон Ҳайдар Муслиҳӣ гуфт, ӯ шубҳае надорад, ки се сайёҳи амрикоии моҳи июли соли гузашта боздоштшуда ҷосусанд. Муслиҳӣ, ки дар ҳошияи нишасти ҳукумат бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, ҳамчунин аз Вошингтон хост, ки ба манзури таъмини раҳоии ин сегона аз роҳи табодули зиндониён кор бигирад. Ин се амрикоӣ - Сара Шоурд, Шон Бауэр ва Ҷош Фаттал – зоҳиран аз шимоли Ироқ вориди хоки Эрон шудаанд. Ҳафтае пеш ба онҳо иҷозат доданд, то дар Теҳрон бо модаронашон аёдат кунанд. Ин се хонавода ва ҳам давлати Амрико ба ҷосусӣ даст доштани боздоштшудагонро радд карда, раҳоии онҳоро тақозо мекунанд.
XS
SM
MD
LG