Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми Пекин ба Амрико дар мавриди ислоҳи қурби юан


Чин дар оғози музокироти иқтисодӣ бо мақомоти Амрико дар Пекин паёми мусолиҳатомез дода, ваъда супурдааст, ки талаботи афзояндаи дохилиашро лаҷом зада, мавқеъи нисбатан бозаш ба ислоҳоти қурби юанро ҳифз хоҳад кард. Маъмурияти раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ислоҳоти қурби пули миллии Чинро барои ҳифзи тавозуни иқтисоди ҷаҳонӣ зарур мешуморад.
Раиси Ҷумҳурии Чин Ҳу Ҷинтао дар ифтитоҳи музокироти дурӯза ба вузарои хориҷа ва дороии Амрико Ҳилларӣ Клинтон ва Тим Гейтнер гуфт, ки кишвари ӯ роҳи ислоҳоти батадриҷи қурби юанро дунбол хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG