Дар мизи гирд таъкид гардид, ки дар фазои Осиёи Марказӣ фақат дар Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломӣ фаъолият мекунад, ки ба порлумони ин кишвар роҳ ёфтааст.
Ба гуфтаи ширкатдорони он вақти он расидааст, ки дар Қирғизистон низ ҳизби исломӣ таъсис ёбад. Гуфта шуд, яке аз омилҳои муҳим дар бартараф намудани масъалаҳои баҳсбарангез, омили исломист, ки метавонад нақши муассире дар ин маврид бибозад.
Аммо ин масъала баррасӣ шуд, ки оё ин кишвар ба таъсиси ҳизби исломӣ омода ҳасмт ё на?
Ба гуфтаи Қодир Маликов, раҳбари маркази таҳқиқотии Қирғизистон бо номи «Дин, ҳуқуқ ва сиёсат», таъсиси ниҳодҳои миллӣ, рушду такомул, мушорикати ин ниҳодҳо дар равандҳои сиёсӣ, ки фаъолияти қисмати асосии шаҳрвандони кишварашро фаро хоҳад гирифт, дар чаҳорчӯби Қонуни асосӣ ва қонунгузориҳои кишвараш амалӣ хоҳад шуд.
Гурӯҳи дигари иштирокчиёни мизи гирд мӯътақиданд, ки ҳоло дар Қирғизистон барои таъсиси ин гуна ҳизб заминаҳои мусоид фароҳам наомадааст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран бино ба гузоришҳо, ихтилорфи назарҳо дар миёни аъзои ҳукумати муваққати Қирғизистон авҷ гирифтааст.
Ихтилоф дар раҳбарии ҳукумати муваққати Қирғизистон
Алмозбек Атамбоев, ноиби аввали раиси ҳукумати муваққатии Қирғизистон, тайи як нишасти изтирорӣ гуфт, ки ҷони ӯ ба хатар мувоҷеҳ аст. Ӯ мегӯяд, гуфтугӯҳои телефонии байни аъзои ҳукумат, ки дар интернет пахш шудааст, ҳақиқатанд.
Ӯ гуфт, вай намедонад, ки имкони баргузории нишасти хабарии дигар барояш вуҷуд дорад ё хайр. Бар асоси суханони ноиби аввали раиси ҳукумати муваққати Қирғизистион ба манзури аз байн бурдани ӯ Боқиевҳо ба қотилон миллион доллари амрикоӣ подош ваъда кардаанд. Ба гуфтаи Атамбоев, чанд тан аз аъзои ин гурӯҳ, зимни талош барои ворид шудан ба манзилаш, боздошт шуданд.
"Агар ман гунаҳгорам, ба дастонам завлона занед!"
Ба таъкиди Алмозбек Атамбоев, ӯ дар назди мардуми кишвараш софу беолойиш аст. Атамбоев гуфт, гуфтугӯҳои телефонии байни аъзои ҳукумати муваққат, ки дар саҳифаҳои нашрияҳои интернетӣ пахш шудааст, ҳақиқатанд.
Ӯ афзуд: «Ман расман эътироф мекунам, ки ин гуфтугӯҳо ҳақиқатанд, вале моҳияти онҳоро бояд тавзеҳ диҳам. Зимни гуфтугӯи телефонии ман бо Азимбек Бекназаров вай маро дар ахзи 400 ҳазор доллар ришва, ки гӯё барои таъйини як нафар ба мақом гирифта бошам, муттаҳам кард. Чунин сӯҳбат эътибор ва шарафи маро поймол хоҳад кард. Барои ҳамин ман тақозо мекунам, ки дар пояи қонун ин қазия баррасӣ шавад. Агар ман гунаҳкорам, ба дастони ман занҷир банданд ва маро ба ҳабс маҳкум кунанд».
Ба гуфтаи Алмозбек Атамбоев ҳамтоёнаш ӯро дар сиёсати нодурусти кадрӣ муттаҳам кардаанд.
Ӯ мегӯяд, ки Қирғизистон як шароити бӯҳрониро паси сар мекунад ва барои ба мақомҳои давлатӣ таъйин кардани кадрҳо эълон кардани озмун берун аз имкони онҳост, барои ҳамин як нафарро ба мақоми раиси кумитаи гумрук таъйин кард. «Дар ҳоле ки марзҳо баста буданд, ин шахс тавонист, ки 90 дарсад боҷро рӯёнад ва ба хазинаи давлат интиқол диҳад. Аммо агар рафтору амали вай зидди қонунгузориҳои кишвар бошад, ҳукумат метавонад раиси гумрукро ба ҳабс маҳкум кунад. Дигар ноибони раиси ҳукумати муваққат баъзе кадрҳоро худсарона таъйин карданд, касе вокуниш нишон надод».
Ӯ Азимбек Бекназаров, ноиби раиси ҳукумати муваққатиро дар тасарруфи идораи Додситонии кулл муттаҳам кард. Атамбоев ҳамчунин гуфт, зимни гуфтугӯи телефонии Азимбек Бекназаров бо вазири молия Темир Сариев, онҳо машварат карданд, ки як миллион доллар бояд, аз сурати ҳисоб хориҷ шавад.
Ӯ гуфт, ин маблағ гӯё барои таъсиси гирдиҳамоиҳои тарафдорони ҳукумати муваққатӣ ва таъмини молии кормандони ниҳодҳои интизомӣ дар вилояти Ҷалолобод масраф шудааст.
Ба гуфтаи ноиби аввали Роза Отунбоева рӯзҳои 12 ва 17 май дар Бишкек гирдиҳамоиҳои густарда таъсис ёфт ва ба хотираи шаҳидони 7 апрел санги ёдгорӣ гузошта шуд. Оқои Атамбоев гуфт, ки мардум бидуни харҷи маблағ ба майдонҳо ҷамъ омад, аммо маълум нест, ки ҳамтоёни ӯ, як миллион доллари амрикоиро чӣ тавр аз суратҳисоб бароварданианд.
Атамбоев Кумитаи амниятро муттаҳам мекунад
Алмозбек Атамбоев ҳамчунин кумитаи амнияти кишварашро дар бесалоҳиятӣ интиқод кард. Ба гуфтаи ӯ,дар ҳамин ҳол ба далели хароб шудани таҷҳизоти фаннии Кумитаи амнияти миллии кишвараш гуфтугӯҳои телефонии аъзои ҳукумати муваққатиро кормандони ниҳодҳои махсуси хориҷӣ ва хонаводаи Боқиевҳо гӯш мекунанд.
Алмозбек Атамбоев, муовини аввали идораи муваққати Қирғизистон гуфт, ки ҳеҷ гоҳ ришва нагирифтааст ва нахоҳад гирифт.
Азимбек Бекназаров ва Темир Сариев дар муқобили ин изҳороти Алмозбек Атамбоев вокунише нишон надодаанд.