Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Зарифӣ бо Лавров дар Тошканд


Дар ҳошияи иҷлоси вазирони корҳои хориҷаи узви Созмони ҳамкории Шонгҳой дар Тошканд Сергей Лавров-вазири хориҷаи Русия бо вазирони хориҷаи Қазоқистону Тоҷикистон ва Чин мулоқот кард. Дар ин бора хабаргузориҳои Русия иттилоъ додаанд. Дар мулоқот бо Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ҷадвали тамосҳои сиёсии миёни ду кишвар барои оянда ва ҳамчунин масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла тарҳҳои энержии обӣ баррасӣ шудаанд. Бино ба хабарҳо, дар иҷлоси вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой таваҷҷуҳи аслӣ ба масъалаҳои омодагӣ ба мулоқоти раҳбарони кишварҳои узв нигаронида шуда буд. Мулоқоти раҳбарон 10-11-ӯми июн дар Тошканд баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG