Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамроҳхон Зарифӣ дар нишасти СҲШ дар Тошкант


Кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонҳой гуфтанд, амният ва субот дар маҳдудаи ин созмон аз амният ва субот дар Қирғизистон низ вобаста аст ва ин кишварҳо омодаанд, то барои ҳифзи истиқлол ва якпорчагии Қирғизистон ёрӣ бирасонанд.

Мавзӯъи Қирғизистон яке аз мавзӯъҳои асосии нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонҳой дар Тошкант буд. Ин нишаст имрӯз, 22-юми май, баргузор гардид ва дар он Тоҷикистонро Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, намояндагӣ кард. Мақомҳои аввал ва дуввуми ниҳодҳои умури хориҷии Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия ва Узбакистон низ дар кори нишаст ҳузур доштанд.

Баёнияи расмии СҲШ менависад, раҳбарони ҳайатҳо ҳамчунин бо раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов вохӯрӣ кардаанд.
Вазъ дар Қирғизистон ба ҳайси яке аз мавзӯъоти калидии мушкили амниятӣ дар минтақа дар баробари болобурди мақоми СҲШ ба ҳайси созмони байнулмилалӣ баррасӣ шудааст. Кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонҳой гуфтанд, амният ва субот дар маҳдудаи ин созмон аз амният ва сбуот дар Қирғизистон низ вобаста аст ва ин кишварҳо омодаанд, то барои ҳифзи истиқлол ва якпорчагии Қирғизистон ёрӣ бирасонанд.

Дар ин нишаст таъкид шудааст, ки тақвияти сбуот дар Осиёи Марказӣ вазифаи аввалиндараҷаи кишвраҳои узви СҲШ дар самти таъмини амният мебошад. Масъулони равобити хориҷии кишварҳои узви СҲШ ҳамчунин ба мувофақа расидаанд, то ҳамкориро дар муборизаи муштарак бо даҳшатафканӣ, ҷудоихоҳӣ, тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккилона тавсеа бидиҳанд.

Дар нишаст гуфтаанд, ҳамаи ин масоилро бидуни расидагӣ ба мушкилоти Афғонистон ҳал кардан имконопазир аст. СҲШ гуфтааст, мушкили Афғонистон роҳҳалли низомӣ надорад ва бояд аз роҳи гуфтушунид кор гирифт.

Иштирокдорони ин ҳамоиш тарҳи санадеро оид ба тартиби қабули аъзои нав ба СҲШ дастгирӣ кардаанд. Қарор аст, ки ин санад дар ҷараёни ҳамоиши сарони кишварҳои узви СҲШ дар Тошкант қабул шавад ва бо қабули он хишти аввали тавсеаи созмон ва қабули аъзои нав ба он гузошта хоҳад шуд. Афғонистон, Эрон ва Покистон аз ҷумлаи кишварҳое номида мешаванд, ки шавқманди вуруд ба СҲШ мебошанд.
XS
SM
MD
LG