Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯгоҳи нав дар Мурғоб


Раиси ноҳияи Мурғоб Майрамбек Тойчиев мегӯяд, неругоҳи нав бо иқтидори 2000 киловатт дар дарёи Оқсу дар паҳлӯи ягона нерӯгоҳи кӯҳнаи он ҷо бунёд мешавад.

Раиси ноҳия гуфт, хишти нахустини нерӯгоҳ рӯзҳои таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Бадахшон ва бо ширкати президент гузошта хоҳад шуд.

Ҳукумати Олмон барои бунёди неругоҳи нави барқи обӣ дар Мурғоб панҷ миллион евро ихтисос додааст.

Майрамбек Тойчиев гуфт, нерӯгоҳ сокинони маркази ноҳия ва маҳалҳои гирду атрофи онро пурра бо нерӯи барқ таъмин хоҳад кард. Вай гуфт, дар маркази ноҳия 7 ҳазор нафар ва ё 50 дарсади шумораи умумии сокинони Мурғоб ба сар мебаранд ва бо чароғон шудани маркази ноҳия ва маҳалҳои гирду атроф ниёзи қариб 70 дарсади сокинон ба нерӯи барқ бароварда хоҳад шуд. Раиси ноҳия гуфт, нерӯгоҳ ҳамчунин барои коркарди ашёи хоми гӯшт, пӯст ва пашм, ва ба ин васила рушди соҳибкорӣ дар минтақа шароит фароҳам мекунад.

Алҳол, ягона нерӯгоҳи барқи обӣ, воқеъ дар наздикии маркази ноҳия, бинобар фарсудашавии таҷҳизоти он ҳамагӣ 160 киловатт барқ медиҳад , аммо, гуфта мешавад, пас аз таҷдид иқтидори он ба 800 киловат расонда мешавад.

Феълан, ҳамаи сокинони Мурғоб барои гарм намудани хонаҳо ва пухту паз аз трескен ва ё тезкан, намуди паҳншудатарини алафи бисёрсола дар минтақа, истифода мекунанд. Сокинонро аз хурд то бузург ва савораву пиёда дидан мумкин аст, ки тезканро дар даштҳои ин ҷо ҷамъ оварда, ба хона ва ё бозор мебаранд. Султан Парманов, сокини ноҳия, мегӯяд, дар бозор як бастаи тезкан 12 сомонӣ нарх дошта, барои тайёр намудани чойу ғизо барои як хонавода ба муддати 3-4 рӯз кифоя мекунад.

Тезкан ғизои асосии чорвои сокинон ҳаст, ки қариб чор фасли сол дар даштҳои васеъи ин ҷо мечаранд, решаи дарози онро мардум ҳамчун сӯзишворӣ истифода мекунанд.

Олимон аз нобудшавии масоҳати зиёди тезкан дар даҳсолаҳои ахир ва густариши раванди биёбоншавии минтақа изҳори нигаронӣ мекунанд ва борҳо хостори ҷилавгирӣ аз он шудаанд. Аммо, мақомот мегӯяд, танҳо пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нерӯгоҳи нав ва пайдо шудани сарчашмаи алтернативии энергия онҳо метавонанд ба сокинон решакан намудани тезканро қатъиян манъ созанд.
XS
SM
MD
LG