Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори шаҳрванди 51-солаи Тоҷикистон дар Маскав


Шаҳрванди 51-солаи Тоҷикистон, ки дар Маскав роҳ меруфтааст, аз латукӯби афроди номаълум ҷони худро аз даст додааст. Хабаргузориҳои русӣ, ҳокии ин фоҷеа, исми ин мардро нанавиштаанд.

"Интерфакс" навиштааст, ҷасади шаҳрвани 51-солаи Тоҷикистон дар даруни як ҳаммом дар шимолу ғарби Маскав ёфт шудааст. Натиҷаи татфиш ҳокист, ки сабаби марг латукӯб будааст. Ба навиштаи хабаргузорӣ, шаҳрванди солхӯрдаи Тоҷикистон дар Маскав роҳрӯбӣ мекардааст.

Дар бораи сабабҳои ҳамла ба ин мард, ки шаҳрванди Тоҷикистон хонда мешавад, ҳанӯз хабаре нест. Дақиқ нест, ки оё ӯ дар заминаи миллатгароӣ кушта шудааст ва ё хайр.

Тибқи омори расмӣ, дар соли 2009 аз Русия ба Тоҷикистон 784 тобути муҳоҷирони тоҷик, аз ҷумла 51 муҳоҷирзан оварда шудааст. Ин дар ҳолест, ки соле пеш аз Русия ба Тоҷикистон 681 тобут омада буд. Мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, аз ин 784 нафари соли гузашта дар Русия ҳалокшуда 95 нафар аз сӯи гурӯҳҳои мухталиф ҷабран кушта шудаанд. Аз ин миён кушторҳое, ки беш аз ҳама сарусадо пайдо кардаанд, сари аз тан ҷудои Салоҳиддин Азизов ва 11 корд ба тани Хуршеда Султоноваи 9-сола мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳониро такон дода буданд.

Вале сарфи назар аз ин ҳама хатар ҳамасола то як миллион нафар аз мардуми Тоҷикистон ба хотири пайдо кардани рӯзии хонаводаҳояшон ба бозори кори Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия мерезанд.
XS
SM
MD
LG