Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзиҳои «Вахш» дар Мянмар


Дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» дар бораи натоиҷи сафари дастаи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, қаҳрамони Тоҷикистон, дар сабқати интихобии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё дар Мянмар нақл мекунем.

Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, қаҳрамони футболи Тоҷикистон, пас аз се пирӯзии пасиҳам дар сабқати интихобии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё дар Мянмар ба даври ниманиҳоӣ роҳхат гирифт.

“Вахш” нахуст бар тими “Ренаун спорт клаб”- и Шри-Ланка бо ҳисоби бузурги 6-0 ғолиб омад. Футболбозони тоҷик баъдан дастаи “Озмоишгоҳи Хон”-и Покистонро бо ҳисоби 1-0 мағлуб карданд. “Вахш” дар бозии севумаш бар тими қаҳрамони Камбоҷа - «Нагакорп» бо ҳисоби 3-0 пирӯз шуд.



Ба ин тартиб, дастаи «Вахш» бо 9 имтиёз ва беҳтарин таносуби тӯбҳо - 10-0 дар сабқати гурӯҳи «В» ғолиб шуд. Аз 10 голи дар се бозӣ ба ҳадаф расондаи «Вахш» нисфаш - 5 гол ба Рустам Усмонов, ду гол ба Аҳтам Ҳамроқулов, як голӣ ба Алексей Неъматов, Нӯъмонҷон Ҳакимов ва Маҳмадалӣ Содиқов мутааллиқанд. Дарвозабони моҳири даста Фарҳод Юлдошев, легионери узбакистонӣ, бошад, дар ҳамаи се бозӣ ширкат карда, ягон тӯб сар надод.

Дастаҳои «Озмоишгоҳи Хон», “Нагакорп” ва «Ренаун» се имтиёзӣ гирифта, аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо дар ҷадвали мусобиқа мутаносибан ҷойҳои дуввуму севум ва чаҳорумро касб карданд. Ҳар се даста аз ҳаққи идомаи мубориза барои Ҷоми раиси AFC маҳрум гаштанд.

Дар гурӯҳи «С», ки се даста ҳунарнамоӣ кард, тимҳои “Янадарбон”-и Мянмар ва МТТУ-и Туркманистон 4-имтиёзӣ ба даст оварданд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо мянмариҳо (11-0) ҷои аввал ва туркманҳо (8-0) ҷои дуввумро касб карданд. Бар асоси низомномаи мусобиқа беҳтарин дастаи ҷои дуввум –МТТУ, Донишгоҳи байнулмилалии Туркманистону Туркия, соҳиби роҳхати чаҳорум ба даври баъдӣ шуд.

Бозиҳои гурӯҳи «А» бошанд, бо ширкати чаҳор даста - «Дордой-Бишкек»-и Қирғизистон, «Абахани Лимитед»-и Бангладеш, «Ҳасус»-и Тайван ва «Ню Роуд Тим»-и Непал дар пойтахти Бангладеш - шаҳри Дакка доир шуданд. «Дордой-Бишкек» бо 7 имтиёз ҷои аввалро касб кард ва ба сабқати ниҳоӣ роҳхат гирифт.

Ман, Нарзуллоҳи Латиф, шореҳи варзиши радиои Озодӣ, ки аз шаҳри Янгон - пойтахти Мянмар ба шунавандагон ва хонандагони сомонаи интернетии Озодӣ аз ҷараёни бозиҳои қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар сабқати интихобии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё гузоришҳо пешкаш намудам, пас аз бозгашти дастаи “Вахш” ба Тоҷикистон бо сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев ва бархе аз футболбозони ин даста ҳамсӯҳбат шудам. Нахуст мусоҳибаи мо бо Аслиддин Ҳабибуллоев ба таваҷҷӯҳи шунавандагон пешкаш мешавад.

Сипас бо бархе аз футболбозони “Вахш”– капитани даста, ҳамлагар Нӯъмонҷон Ҳакимов, ҳимоятгарон Субҳон Хоҷамов ва Акмал Сабуров, нимҳимоятгар Рустам Хоҷаев ҳамсӯҳбат мешавам.

Мухлисони варзиш! Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.
XS
SM
MD
LG