Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурғоб кабудзор мешавад


Дар ҳоле, ки дар дигар ноҳияҳои Бадахшон дарахтон кайҳо барг бароварданду, ғӯра бастанд, дар маркази ноҳияи Мурғоб ниҳолшинонӣ авҷ мегирад.

Ниҳол мешинонанд....

Ба гуфтаи раиси ноҳия Майрамбек Тойчиев, мақомоти ноҳия барномаи махсуси кабудизоркуниро руи даст гирифта, ба ин манзур, танҳо имсол 1000 бех ниҳол аз ноҳияи Шуғнон ва 300 ниҳоли дигар аз ягона ҷангали ноҳия, воқеъ дар маҳалли Ҷамантал оварда шуданд, ва ба идораву муассисаҳо ва сокинон тақсим гардиданд. Вай гуфт, кабудизоркунӣ на фақат симои маркази ноҳияро зебо мегардонад, балки барои минтақае, ки дар баландии беш аз 4 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст, манбаъи ҳавои тоза низ ҳаст.

Дар лаби дарёи Мурғоб бошад нахустин боғ бунёд гардид. Алҳол ин ҷой бештар ба буттазор шабоҳат дорад, аммо сокинони маҳалла бо ифтихор онро боғ меноманд ва мегӯянд, дар шафати он боғҳои дигареро низ сабз мекунанд.

...вале он талаф мешавад


Аммо сокинон ва кормандони идораву муассисаҳо, ки тайи солҳои охир ба манзури кабудизоркунии гирду атрофи манзилҳо ва идораҳояшон бо ниҳол таъмин мешаванд, мегӯянд, ҳамасола қариб наздик ба 70 дарсади ниҳолҳои шинонда талаф меёбанд.

Сокини ноҳия Хушназар Ошӯров камбуди об ва пурра аз фаъолият бозмондани шабакаи обрасониро дар маркази ноҳия сабаби хушк шудани ниҳолҳо медонад. Вай мегӯяд, мушкилоти оби ошомиданӣ ва барои обёрӣ зарур сокинони ноҳияро водор месозад, ки бо кӯшиши худ чоҳҳо канда, аз оби он барои истеъмол ва обёрӣ истифода баранд.

Баҳси раису мардум

Аммо раиси ноҳия аз ҳама бештар сокинони қирғиззабони Мурғобро муттаҳам мекунад, ки ба чорвопарварӣ майлу рағбат дошта, ба ниҳолпарварӣ шавқ надоранд ва ниҳолҳоро хуб нигоҳубин намекунанд. Раис мегӯяд, агар сокинон хоҳиши ниҳолпарварӣ медоштанд, аз оби дарёи канораи маркази ноҳия ва чоҳҳо ниҳолҳоро об додан мумкин аст.

Вале сокинон бо усули дастӣ об додани дарахтону буттаҳо ва ба кабудизор табдил додани хоки шӯразори маркази ноҳияро кори мушкил медонанд.

Талошҳои бефоидаи сисола

Кабудизоркунии Мурғоб ҳанӯз дар солҳои 80-уми асри гузашта шурӯъ гардид, аммо кӯшишҳои пурра сабз намудани маркази ноҳия то ба ҳол самар надодаанд.

Нишонаҳои кабудизоркунӣ бештар аз ҳама дар назди бархе аз идораҳои ноҳия ба мушоҳида мерасанд ва ба гуфтаи як сокини солманди ноҳия, аз ҳазорҳо ниҳолҳои шинонда танҳо он дарахтоне аз нобудшавӣ эмин монданд, ки барои обёрӣ намуданашон ба муассисаи манзиливу комммуналӣ саривақт пул пардохт гардид.

Бинобар сардиҳо ва иқлими баландкӯҳ сокинони Мурғоб шинондани дарахтони борварро орзу ҳам намекунанд. Мақоми аввали ноҳия мегӯяд, барои суръат бахшидани кабудизоркунӣ онҳо маъракаи тарғиботиро ба роҳ мондаанд, то сокинони чорвопарварро ҳар чӣ бештар ба ниҳолшинонӣ ташвиқ кунанд.
XS
SM
MD
LG