Ҳукумати ИМА барномаи мубориза бо гуруснагӣ ва дастгирии саросарии амният аз ҳисоби рушди кишоварзӣ дар мамолики рӯ ба тараққиро муаррифӣ кард, ки Тоҷикистон ҳам шомили он мебошад.
Сеюним миллиард доллар барои гуруснагон
Бар пояи он, ИМА дар давоми се соли оянда 3,5 миллиард долларро барои иҷрои барномаҳои мубориза бо гуруснагӣ ва рушди кишоварзӣ дар мамолики ба истилоҳ камдаромад масраф мекунад.
Аснои муаррифии ин барнома раиси Оҷонсии амрикоии рушди байналмилалӣ Раҷив Шоҳ гуфт, ки номи он "Тағзияи Оянда" аст. Шоҳ афзуд, барномаи мазкур бо сармоягузориҳои кишварҳои коршарик амалӣ шуда, имкон медиҳад, ки дар тӯли даҳ соли оянда даромади тахминан 40 миллион аҳолии кишварҳои кумакгиранда то 10 дарсад афзоиш ёбад. Ҳамчунон мансабдори амрикоӣ гуфт, ки барнома тақдими озуқа ба 25 миллион кӯдакро мадди назар дорад.
Аз фақр як қадам то ба террор?
Барномаи амрикоии "Тағзияи оянда" замоне иҷро мешавад, ки тақрибан 1миллиард аҳолии рӯи олам ба таври доимӣ бо гуруснагӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Вакили конгресси ИМА хонум Роуза де Лауро, ки дар маросими муаррифии барнома ҳузур дошт, мегӯяд, гуруснагӣ инсонҳоро ба ҳар гуна амали ифротӣ таҳрик медиҳад. Ӯ ёдовар шуд, ки ҳамин гуна аъмоли ифротӣ бар зидди нерӯҳои ИМА дар Ироқу Афғонистон ва манотиқи дигар ҷо дорад.
USAID 20 кишварро ба рӯйхати кумакгирандагони барномаи "Тағзияи оянда" шомил кардааст, ки 12-тои он мамлакати африқоӣ, 4-то кишвари Амрикои Лотин ва 4-тои боқимонда аз Осиё ҳастанд: Тоҷикистон, Бангладеш, Непал ва Камбоҷа.
Кӯмак ба Кӯлоб
Тибқи як изҳороти матбуотии сафорати Иёлоти Муттаҳида, баъд аз селхезӣ дар Кӯлоб ҳукумати ИМА бо дархости ҳукумати Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 588.000 доллари ИМА кӯмаки башардӯстона барои оилаҳои зарардида расонидааст. Ин кӯмакҳо аз хаймаҳо, таҷҳизоти санитарӣ ва дигар лавозимоти фавқулодда барои оилаҳои дар Кӯлоб, Восеъ, Темурмалик, Мӯминобод, Ховалинг, Шӯробод, Балҷувон, Шаҳритӯс ва Ҷиликӯл иборат аст. Тамоми кӯмак аз рӯи талаботи ҳукумати Тоҷикистон буда, аз тарафи Гурӯҳи арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии изтирорӣ дар ҳолатҳои офатҳои табиӣ (РЕАКТ) ҳамоҳанг шудааст.
Амрико дар ҷои аввал
Дафтари матбуоти Оҷонсии омори Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар чор моҳи аввали соли равон аз январ то апрели соли 2010 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамчунон кишвари кӯмакрасони Тоҷикистон боқӣ монда, хусусан дар бахши ёриҳои башарӣ ба Тоҷикистон дар ҷои аввал қарор дорад. Дар ҷои дуввум Олмон буда, дар ҷои севум ҷумҳурии Корея мебошанд.
Дар муддати ҳамин чаҳор моҳ аз 36 кишвари ҷаҳон дар ҳаҷми беш аз 31 миллион доллари ИМА ба Тоҷикистон ёрии башарӣ расидааст. Ин кӯмакҳо аз 9,5 ҳазор тонна маводи мухталифи мавриди ниёзи мардум аз ҷумла орд, равған ва аз ду тон муҳимоти тиббӣ иборатанд.
Дар ҳамин давраи соли гузашта кумакҳои башарӣ аз 33 кишвари ҷаҳон ва дар ҳаҷми 33 милион долари ИМА ба Тоҷикистон расидааст.Ба назар мерасад, теъдоди ёриҳои башарӣ ба Тоҷикистон дар қиёс бо солҳои пешин афзудааст.