Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоии ҳазорон нафар дар Ҷалолободи Қирғизистон


Ҳазорон нафар дар ҷануби Қирғизистон баъд аз ташаннуҷи ахири байниқавмии рӯзи чаҳоршанбе даст ба раҳпаймоӣ заданд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, наздик ба 5 ҳазор нафар дар шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон ҳокими вилоятро, ки ҳамроҳ бо кафили вазири дифои кишвар барои гуфтушунид бо мардум ба ин ҷо омада буданд, шадидан латукӯб кардаанд. Дар задухӯрди қирғизҳо ва узбакҳо рӯзи чаҳоршанбе дар Ҷалолобод ду нафар кушта ва даҳҳо тан захмӣ шудаанд. Ҳукумати муваққати Қирғизистон дар ин ҷо вазъи фавқулода эълон кард ва тарафдорони президенти барканоршуда Қурмонбек Боқиевро масъули хушунатҳои байниқавмӣ номид. Рӯзи чаҳоршанбе раиси ҳукумати муваққат Роза Отунбоева то поёни соли 2011 иҷрокунандаи вазифаи президент таъин шуд ва интихоботи президентӣ то октябри соли 2011 ба тавъиқ афтод.
XS
SM
MD
LG