Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамроҳхон Зарифӣ ба Тошканд сафар мекунад


Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ 22-юми май дар нишасти намояндагони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Тошканд ширкат хоҳад кард. Дар ин ҳамоиш вазирони умури хориҷии кишварҳои узв заминаҳои нишасти сарони давлатҳои узви созмонро фароҳам меоранд. Онҳо аз ҷумла тарҳи қатъномаи Созмони Шонгҳойро дар масъалаҳои умдаи байнулмилалӣ таҳия хоҳанд кард. Ҳамчунин интизор меравад вазъ дар Қирғизистон ва омодагиҳо ба конфаронси байнулмилалии масоили Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гиранд.
XS
SM
MD
LG