Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо вазири корҳои хориҷии Эрон


Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, бо вазири умури хориҷии Эрон Манучеҳри Муттакӣ дидор кардааст. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи порлумони Тоҷикистон, ба торнамои Озодӣ хабар дод, ки Шукурҷон Зуҳуров дар ин мулоқот ба вазири корҳои хории Тоҷикистон гуфтааст, «Нақши Эрон дар дунё ва хоса дар ҷаҳони ислом бузург аст. Мо ҷонибдори бо роҳи дипломатӣ ҳал шудани қазияи энержияи ҳаставии Эрон ва ба ҳадафҳои осоишта истифода шудани он мебошем.» Раиси порлумони Тоҷикистон ҳамчунин гуфтааст, миёни ду кишвар барои густариши робитаҳои иқтисодӣ ҳеҷ монеае вуҷуд надорад. Дар навбати худ Манучеҳри Муттакӣ Шукурҷон Зуҳуровро барои боздиди расмӣ ба Эрон даъват кард.
XS
SM
MD
LG