Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фалаҷ дар миёни осебдидагон?


Худойдод Музаффаров, як ҷавони 17 сола, ки дар шаҳраки хаймаҳои Кӯлоб ба сар мебурд, даргузашт. Наздикон ӯ мегӯянд, Худойдодро ҳамагӣ се рӯз таб карда, ногаҳон фавтид ва пизишкон ба онҳо гуфтаанд, ки фарзандашон ба бемории фалаҷ гирифтор шудааст.

Мирзоалӣ Миралиев, сардори идораи тандурустии минтақаи Кӯлоб аз сӯҳбат дар ин маврид худдорӣ намуд ва дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт, ки рӯзи гузашта дар як ҷалассаи вижа ба онҳо ҳушдор додаанд, то дигар дар ҳеҷ маврид бо рӯзноманигорон сӯҳбат накунанд, дар сурати ғайр аз вазифаҳои худ сабукдуш хоҳанд шуд.

Таи се рӯзи ахир ин дуввумин ҳолати ба ҳалокат расидани инсон дар шаҳракаи хаймаҳост. Тибқи иттилои расмӣ даҳҳо навраси дигар бо бемории шикамрав ва хоришак дар беморхонаҳои шаҳр бистарӣ шудаанд.

Чаро сел чунин харобкорӣ кард?

Ҳамид Абдуллоев, раиси шаҳри Кӯлоб гуфт, ки мутахассисон сабаби чунин даҳшатнок шудани селро таҳқиқ намуда, маълум кардаанд, ки он шаб ба дарёчаи Тебалай 15, 2 миллион куб об бо суръати хеле баланд ҷорӣ шуда, 17 пули иртиботи миёни шаҳру навоҳиро бо худ овардааст. Ба гуфтаи ӯ, қаблан ҳангоми боронгариҳо ба ин дарёча аз 3 то 5 миллион куб об ҷорӣ мешуд.

Аммо сокинон ва коршиносон ин иддаоро баҳонае беш намедонанд. Аҳмади Иброҳим, як тан аз ин осебдидагон мегӯяд, сад дар сад пеши роҳи ин хатарро гирифтан имкон дошт. Ба гуфтаи ӯ, қаблан аз ин ҳам сели даҳшатнокро сокинон ёд доранд, аммо бо сабабе, ки дарёча тоза буд, чунин зарар намерасонид.

Хаймаҳоро мекӯчонанд

Имрӯз тасмим аст, то барои беғаразона бундё намудани манзил ба осебдидагон қуръапартоӣ шурӯъ гардад. Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ, сухангӯи ситоди бартарафсозии оқибатҳои табиӣ мегӯяд, шояд дар навбати аввал аз 30 то 40 хонаводаро бо хаймаҳояшон ба заминҳое, ки барои бунёди манзили зист ҷудо шудааст, кӯч диҳанд.
XS
SM
MD
LG