Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон қарзи газро ба Узбакистон пардохт кард


"Тоҷиктрансгаз" гуфтааст, ки қарзи Узбакистонро барои газ пардохт кардааст ва аз пагоҳ, рӯзи панҷшанбе интиқоли газ ба Тоҷикистон афзоиш меёбад. Дар ин бора Шавкат Шоимов-муовини раиси "Тоҷиктрансгаз" ба хабаргузории "Авеста" иттилоъ додааст. Ба гуфтаи Шоимов, ду рӯзи пеш ширкати "Узтрансгаз"-и Узбакистон барои пардохт нашудани 1,5 миллион доллар қарз интиқоли газ ба Тоҷикистонро 30 дарсад коҳиш дод. Масрафкунандагони аслии газ дар Тоҷикистон корхонаи тавлиди алюмин бо номи Талко ва корхонаи тавлиди сементи шаҳри Душанбе мебошанд. Бино ба хабари кумитаи омори Тоҷикистон, соли ҷорӣ дар давоми 4 моҳи аввал Тоҷикистон аз Узбакистон ба арзиши 14 миллион доллар газ ворид кардааст, ки нисбат ба ҳамин дарвраи соли 2009 10,6 миллион доллар камтар аст.
XS
SM
MD
LG