Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ гуноҳ надорад?


Мегӯянд, пеш аз Иди моҳи Шарифи Рамазон ва ё Иди Қурбон зиёрати мазору оромгоҳи шахсони мӯътабар ва қадамгоҳҳои азизову авлиёҳо савоби зиёд дорад.

Ғӯрмагас

Аз ин хотир, пеш аз Иди Қурбон янгаатон бо 6-7 нафар занҳои ҳамсоя маслиҳат кардаанд, ки ба зиёрати мазори Ҳазрати Мавлоно раванд. Чашм нарасад, хушбахтона, вақтҳои охир бонувони хонадони мо ҳам андак – андак рӯй ба сӯи дини мубини ислом овардаанду остини куртаҳояшон боз 4-5 сантиметри дигар дарозтар шуда, аз куртаҳои русидухти беостин камтарак фарқ мекардагӣ шудааст. Ва ҳам ба саломи духтараки сатрпӯши ҳамсоя, ки ба назари мубораки онҳо «старомодная» метобад, баъзан вақт бо тамасхур «алайк» ҳам мегуфтагӣ шудаанд.

Бегоҳӣ пас аз хӯроки шом дегу табақҳоро шуста, кӯдаконро хобонида, газу чароғҳоро хомӯш карда, нав ба хонаи хоб гузаштанӣ будам, ки бону наздашон ҷеғ зада, супориш доданд, ки як пиёла чойи хунук биёраму, баъд ба DVD ягон диски филми нави ҳиндӣ монам. То оғоз шудани филм аз нияту нақшаи некашон бо занҳои ҳамсоя нақл карданду амр намуданд, ки пагоҳ онҳоро ҳамроҳӣ кунам. Чӣ ҳам мегуфтам. «Ба чашм»- гуфта, ба хонаи хоб гузаштам.

Саҳарӣ расо соати 11-ҳу сӣ дақиқа ҳама зару зеварҳоро «кашол карда», худро орову торо дода, ба рафтан тайёр шуданд. Ман пеш-пешу занҳо аз қафо ба истгоҳ омадем. Пас аз андаки хомӯшӣ бо мақсади аз байн бурдани хомӯшиву оғоз намудани сӯҳбату гуфтугӯ дар омади гап гуфтам, ки хонумаҳои мӯҳтарам, ман дар амри маъруфи як донандаи дини ислом иштирок доштам. Аз рӯи сӯҳбати он кас ба зиёрати мазору қадамгоҳҳо танҳо одамони пок мерафтаанд. Агар мабодо кас дар ҷавонӣ аз беақлӣ ягон гуноҳи ғайришаръӣ содир карда бошад, хубтар будааст, ки ба зиёрат наравад. Мабодо, ки рӯҳу арвоҳҳо ба қаҳр омада, ба каси гунаҳгор зарар карданашон мумкин будааст... ва ғ. ҳоказо гуфта, боз аз худ чанд чизи дигарро илова кардам.

Баъди фурсате як «тангем»-и холӣ омаду, ман дар пешу дигарон дар қафо ҳама савор шуда, ба роҳ баромадем. Ба Қарияи Боло наздик шуда будем, ки холаи Зебӣ гуфт:
- Ҳамон шахси амри маъруф кардагӣ ягон муллои зӯр буд-мӣ ё ягон чаласаводи кӯчагӣ.
Ман ҳам гапро «об дода» гуфтам, ки намедонам, мегӯянд, ки ҳашт – даҳ сол дар мамлакатҳои арабӣ таҳсил илм карда омада будааст. Дар истгоҳи беморхонаи Қарияи Боло холаи Зебӣ хоҳиш кард:
- Бачем мошина дар истгоҳ нигоҳ дор. Хушдомани духтари калониам дар ҳамин беморхона хоб будааст, ман ӯро як хабар гирам. Гӯрсӯхта боз сиҳат шуда, ки баромад рӯзи бечора духтарамро сиёҳ мекунад, ки очат қудо шуда як бор мана хабаргирӣ наомад. Хайр ҳамсояҳо акнун узри маро қабул кунед, ягон рӯзи дигар албатта ба зиёрат меравам.

Холаи Зебиро фароварда роҳро давом додем. Дар истгоҳи Боғи ҳайвонот донишҷӯдухтараки ошёнаи дуввум, ки аз тарси янгаатон номашро ҳоло напурсидаам, ҳамроҳи як дугонаи дигараш хоҳиш карданд, ки мошинро нигоҳ дорем. Онҳо нав ба хотир овардаанд, ки имрӯз санҷиш доранду, агар ба донишгоҳ нараванд, мабодо онҳоро хориҷ накунанд…

… Дар истгоҳи кинотеатри Ватан ба қафо нигоҳ кунам, ҳамин янгетон худаш танҳо мондаасту, рангу рӯяш сап-сафед кандагӣ нишастааст. Ҳолати занакро пай бурда барои ӯро аз вазъият баровардан гуфтам:
- Ту барои Иди Қурбон дар ателеи Садбарг курта медӯзонам гуфта будӣ, баъд чӣ кор кардӣ? Ид наздик омад, куртаро дӯзондӣ ё не?
- Эҳ, х-х-хайрият, ки гуфтед. Қ-қ-қариб аз ёдам фаромӯш мешуд. Дӯзанда шаб ба хона занг зада буд. Гуфт, ки агар пагоҳ куртаро омада нагиред ман то гузаштани ид дигар кор намебароям. Охир ман дар идгардак куртаи нав надорам-ку.

Ана, корро акнун бало зад. Гӯр ҳамон дурӯғи гуфтагиам шавад, аз куҷо донам, ки ин хонумҳо ин қадар зудбоваранд. Ронанда бо хоҳиши ман дар истгоҳи Садбарг мошинро нигоҳ дошту занак ҳам даррав аз мошин фаромад…

Гап байни худамон монад, роҳравон ба дили худам ҳам алоб афтод. Яке раваду дар ҳақиқат ҳам ҳамин тавр бошад, боз зиёрат гуфта, корҳо расво шуда наравад. Тарафи ронанда гуфтам, ки мегӯянд агар дар рӯзи чоршанбе ба аёдати бемор равӣ, бемор зуд шифо меёфтааст. Як рафиқи давраҳои бачагии ман дар ҳамин касалхонаи «Скорая» хоб …

Ман суханро тамом накарда, ронанда бе ягон хоҳиши ман дар истгоҳи касалхонаи Ёрии таъҷилӣ мошинро нигоҳ дошту ман ҳам ба ӯ чизе нагуфта аз мошин фаромадам….
XS
SM
MD
LG