Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи қатъномаи нав алайҳи Эрон дар СММ


Тарҳи қатьномаи нави таҳримҳо алайҳи Эрон имрӯз ба Шӯрои амнияти СММ пешниҳод шуд. Ҳилларй Клинтон, вазири корҳои хориҷии Амрико гуфтааст, ки қудратҳои ҷаҳонӣ дар мавриди пешнависи ин қатънома ба тавофуқ расидаанд.

Ӯ ба Сенати ИАМ иттилоъ дод, ки тавофуқ баъд аз як моҳи гуфтушунидҳои фаъоли панҷ узви доимии Шӯрои амнияти СММ - Амрико, Британия, Чин, Фаронса ва Русия бо иловаи Олмон ба даст омад.

Ӯ гуфт: “Мо дар бораи пешнависи шадиди қатънома дар ҳамкорӣ бо Русияву Чин ба тавофуқ расидем. Мо ба нақша гирифтаем, ки ин пешнависро имрӯз дар Шӯрои Амният ба ҳамаи аъзои СММ бирасонем".

Ин эъломия дар ҳоле садо дод, ки як рӯзи пеш Эрон бо миёнҷигарии Туркияву Бразилия розӣ шуд, ки 1500 кило урани ғализи худро барои ҳифзу муроқибат ба Туркия фиристад ва дар иваз сӯхти ғанишудаи ҳастаӣ дарёфт кунад.

"Гоми мусбат, аммо нокифояи Эрон"

Кохи сафед гуфтааст, ки ин созиш ҷомеъаи байналмилалиро қаноатманд накардааст ва ба шартҳое, ки дар назди Теҳрон гузошта шуда буд, ҷавобгӯ нест.

Панҷ узви доимии Шӯрои амният ба иловаи Олмон як сол қабл пешниҳод карда буданд, ки Теҳрон ураниуми ғализи худро барои коркард ба Русия ва Фаронса фиристад ва дар иваз барои реактори атомии Теҳрон сӯхти ҳастаӣ дарёфт кунад.

Эрон аввал ба ин пешниҳод розӣ шуд, аммо баъдан онро рад кард. Созишнома бо Туркияву Бразилия бидуни ширкати Оҷонси байналмилалии неруи ҳастаӣ ҳосил шуд ва аз ин рӯ кишварҳои Ғарб ба он бо шубҳа менигаранд.

Ғарб иддао дорад, ки Теҳрон мехоҳад ба тавлиди силоҳи ҳастай даст ёбад, аммо Эрон инро қатъиян рад мекунад.

Хонум Клинтон ба зеркомиссияи Сенат гуфт, ки воқеъан баровардани миқдори бузурги ураниуми ғализ аз Эрон “гоми мусбат” хоҳад буд, аммо Амрико ва шариконашро инъикос нашудани баъзе мавзӯҳъои муҳим дар ин созишнома амиқан нигарон кардааст.

Теҳрон ба ғанисозӣ идома медиҳад

Теҳрон рӯзи душанбе эълом дошт, ки ба ғанигардонии ураниум то ба сатҳи 20 дар сад дар дохили кишвар идома хоҳад дод.

Вазири умури хориҷии Амрико ин изҳоротро “нақзи ошкори ӯҳдадориҳои байналмилалӣ” номид.

Кохи сафед беш аз як сол талош кард, то раҳбарони кишварҳои ҷаҳонро барои ташдиди таҳримҳо алайҳи Эрон дар вокуниш ба сарпечиҳояш оид ба қатьи барномаи ҳастай мутмаъин созад.

Русия ва Чин, ки бо Эрон робитаҳои хуби иқтисодӣ доранд, ба эъмоли таҳримҳои нав мухолифат мекарданд. Вале моҳҳои охир ба назар мерасид, ки онҳо низ аз имкони табдили Эрон ба қудрати нави ҳастаӣ нигаронанд. Аз ин рӯ аз тарҳи қатъномаи нави Шӯрои амнияти СММ пуштибонӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG