Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паноҳӣ гуруснанишинӣ эълон кард


Таҳиягари маъруфи синамои эронӣ Ҷаъфар Паноҳӣ, ки алҳол дар маҳбас ба сар мебарад, гуруснанишинӣ эълон кард. Дар ин бора сомонаҳои интернетии мухолифини Эрон бо такя ба гуфтаҳои хонуми Паноҳӣ хабар доданд. Таҳиягари маъруф, ки моҳи март боздошт шуда буд, дархости мулоқот бо вакили мудофеъ ва раҳоӣ аз зиндон то мурофиаи додгоҳиро кардааст. Ҷаъфар Паноҳӣ, ки филмҳояш дар ҷашнвораҳои байнулмилалӣ соҳиби чандин ҷоиза шудаанд, аз ҷонибдорони раҳбари мухолифин Мирҳусейни Мусавӣ маҳсуб мешавад. Бар асари боздошт Паноҳӣ натавонист ба ҷашнвораи Канн равад. Таҳиягари маъруфи эронӣ узви ҳайати ҳакамони ин ҷашнвора интихоб шуда буд.
XS
SM
MD
LG