Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин баррасии парвандаи Шаҳзод дар додгоҳ


Файсал Шаҳзод, ки дар талоши ҳамлаи террористӣ дар Ню-Йорк айбдор мешавад, рӯзи сешанбе бори аввал мавриди бозпурсӣ дар додгоҳ қарор гирифт. Додгоҳ ҳукм намуд, ки шаҳрванди покистониасли Амрико дар маҳбас боқӣ бимонад. Шаҳзод дар чанд ҷиноят, аз ҷумла, фаъолияти террористӣ ва талоши истифода аз силоҳи қатли ом муттаҳам мешавад. Дар сурати собит шудани иттиҳом, ба ӯ ҳабси абад таҳдид мекунад.
Ба иттилоъи мақомоти тафтишотӣ, Файсал Шаҳзод рӯзи 1 май мошини ҳомили маводи таркандаро дар хиёбони Таймс-сквери Ню-Йорк гузошт. Маводи тарканда инфиҷор нашуд. Шаҳзод ду рӯз баъд аз кашфи мошин, дар ҳоле боздошт шуд, ки мехост ба Дубай парвоз кунад.
XS
SM
MD
LG