Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия ба Тоҷикистон кӯмак мекунад


Тибқи хабари дафтари матбуотии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони хориҷаи Туркия ва Либия Аҳмет Довутуғлу ва Муҳаммад ал Баронӣ дар Душанбе ба таври алоҳида мулоқот кард. Дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷаи Туркия оқои Довутуғлу гуфтааст, ки Туркия ба Тоҷикистон барои даромадан ба узвияти Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат кӯмак мекунад. Ҳоло дар бахшҳои тиҷорату саноат, сохтмон ва хадамоти мухталиф дар Тоҷикистон даҳҳо ширкати туркӣ кор мекунанд.
XS
SM
MD
LG