Феълан, қазияи додгоҳии ин донишкада дар Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон давом дорад. Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, донишгоҳи мазкур шуморе аз қонунҳоро вайрон кардааст. Вале маъмурияти донишгоҳ ин иддаоро рад мекунад.
Сафорати ИМА гуфтааст, хоҳони он аст, ки қазияи ДТИК пурра ва аз рӯи адолат мавриди муҳокима қарор гирад ва ходимони сафорат рафти баррасии шикояти ДТИК-ро дар Додгоҳи олии иқтисодӣ мушоҳида мекунанд. Сафорати ИМА гуфтааст, умедвор аст, ки заминаи қабули ин ё он қарори додгоҳӣ ба пуррагӣ шарҳ дода шавад.
Дар изҳороти сафорати Амрико ҳамчунин омадааст:
«Бастани ин донишкада барои ҷавонон имконияти гирифтани маълумоти олиро дар Тоҷикистон маҳдуд месозад. Имконияти ҷавонон барои донишомӯзӣ аз омӯзгорони гуногун ва муҳокимаи ақоиди мухталиф барои пешравии ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳамияти хеле муҳим дорад. Бо сабабҳои номаълум баста шудани ин донишкадаи хусусӣ ба фазои инвестисионӣ таъсири манфӣ мерасонад ва дигаронро аз маблағгузории минбаъдаи соҳаи маорифи Тоҷикистон дилсард мекунад.»
Вазорати маориф моҳи июли соли ҷорӣ фармони баста шудани донишкада ва манъи қабули ҳуҷҷатҳоро барои соли таҳсили 2009-2010 содир кард, аммо сарфи назар аз ин, раҳбарияти ин мактаби олӣ имсол беш аз 400 нафар донишҷӯи навро қабул кардааст. Дар умум, теъдоди донишҷӯёни ин ҷо беш аз 1500 нафар аст.
Қиммати таҳсил дар ин донишкада нисбат ба дигар мактабҳои олии Тоҷикистон арзонтар будааст.
Дар ин мактаби олӣ раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲСДТ Раҳматилло Зоиров, муовини ӯ Шокирҷон Ҳакимов ва чанд нафари дигар аз чеҳраҳои мухолифи далват дарс медиҳанд.