Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатари саршор шудани обанборҳо дар Сирдарё


Бино ба маълумоти расонаҳои Қирғизистон, Оҷонси захоири обии Қирғизистон ҳушдор додааст, ки ба сабаби якбора боло рафтани ҳарорати ҳаво ва об шудани барфҳо обанбори Токтагул комилан пур шудаааст ва хатари саршор шудани он вуҷуд дорад. Ба ин далел хадамоти изтирории ин кишвар ба сар додани оби изофии он омодагӣ мегиранд. Хабарнигори радиои Озодӣ аз Хуҷанд мегӯяд, дар сурати сар додани оби изофӣ ин об аз обанбори Токтагул ба обанбори Қайроқуми вилояти Суғд сарозер мешавад. Вале ғунҷоиши обанбори Қайроқум 3, 5 миллиард метри муккааб аст ва дар натиҷаи боришоти зиёди борон ин обанбор низ тақрибан пур аст.
XS
SM
MD
LG