Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Касе гурусна нест, аммо…


Бархе аз сокинони офатзадаи шаҳри Кӯлоб аз тақсими ноодилонаи кӯмакҳои ҳукумат ва созмонҳои мададрасон шиква мекунанд.

Ширбиринҷу ош

Муродбегим Раҷабова, як тан аз афроди осебдида мегӯяд, ҳарчанд, бо дасгирии наздикон то ҳол гурусна намонда бошанд ҳам, аммо то кунун ҳеҷ кӯмаки мустақиме ба ҷуз каме равған ва орд аз ҷониби як соҳибкор ба онҳо чизе нарасидааст. Ба гуфтаи ӯ, аслан кӯмакҳо ба он афроде расонида мешаванд, ки дар хаймаҳо ба сар мебаранд ва пурра хонаҳояшон зарар надидааст.

“Мо дар назди хонаҳоямон барои берун кардани ашёи боқимондаамон ҳастем, вале кӯмакро ба хаймаҳо мебаранд. Мо ҳама вақт наметавонем дар хаймаҳо бошем, зеро чизҳои боқимондаамонро, ки то ҳол аз зери лой гирифта нашудаанд, бояд берун кунем.”

Ин ҳам дар ҳолест, ки афроде, ки ҳамеша дар хайма ба сар мебаранд, аз дастрасӣ ба маводи ғизоӣ ҳеҷ шиква надоранд. Мисқолбӣ Шарипова, як тан аз ин зарардидагон, мегӯяд, ҳамеша моро бо хӯрок таъмин мекунанд.

“Аммо фақат саҳар ширбиринҷ аст ва обеду шаб ош. Барои одамони кӯҳансолу кудакон қариб то хол чизе нест. Ба ҳар ҳол, шукр ба ҳаминаш ҳам”.

Дар интизории манзили нав

Феълан, аксари мардуми офатзадаро дар варзишгоҳи марказӣ ва атрофи он дар ҳафтсад хайма ҷойгир кардаанд. Аммо офатзадагон мегӯянд, на ҳамаи онҳо аз шароити хуби зист бархӯрдоранд.

“Баъзеҳоямон то ҳол кӯрпача надорем барои хоб. Ҳоҷатхонаву ҳаммом низ хеле дур аст”-мегӯяд, Зулайхо ном истиқоматкунандаи хаймаҳои варзишгоҳ.

Марги як тифл дар хаймаҳо

Аз сӯи дигар, Юсуф Шомиддинов, вогиршиноси беморхонаи марказии шаҳри Кӯлоб, мегӯяд, агар мардум зудтар аз ин маҳал ба заминҳое, ки барояшон дар берун аз шаҳр ҷудо шудааст, кӯчонида нашаванд, эҳтимоли сар задани бемориҳои сироятӣ вуҷуд дорад, ҳарчанд ҳоли ҳозир чунин беморӣ сабт нашудааст.

Шаби гузашта як тифли яксолаву семоҳа дар хаймаҳои варзишгоҳ вафот кардааст ва табибон гуфтаанд, ки тифл таб доштаасту, модараш ӯро ба пизишкон нишон надодааст.

Сокинони хаймаҳо мегӯянд, миёни атфол маризии шикамрав пайдо шудааст ва тақрибан 10 кӯдакро ба беморхона интиқол додаанд. Вале Мирзоалӣ Миралиев, сардори идораи тандурустии минтақаи Кӯлоб, аз ҳар гуна сӯҳбат дар ин мавзӯъ худдорӣ кард.

Дасти фитодаро фитода мегирад?


Аммо Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ, сухангӯи ситоди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, дар Кӯлоб ҷой доштани мушкилоти таъмини озуқа ва ҷои хоб ба мардуми офатзадаро рад мекунад. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд, мардуми Кӯлоб худ аз офати табии ҷиддӣ зарар дида бошад ҳам, вале бо ин вуҷуд тасмим доранд, ба дигар зарардидагони офати табиӣ дар дигар маҳаллаҳои Тоҷикистон кӯмак расонанд. Сӯҳробшоҳ мегӯяд, бо дархости зиёди сокиноне, ки дар ин офат зарар надидаанд, ҳоли ҳозир барои зарардидагони дигар манотиқ дар Кӯлоб кӯмак ҷамъ мешавад.

Феълан, комиссияи вижаи ҳукуматӣ дар қисмати шарқии шаҳри Кӯлоб барои зарардидагони ин офат 160 гектар замин барои бунёди манзили зист ҷудо кардааст. Ба гуфтаи масъулин, бо омода кардани бархе аз шароитҳо эҳтимол пас аз 10 ё 15 рӯзи дигар ин мардум аз варзишгоҳи марказӣ ба ин мавзеъ кӯчонида шаванд.
XS
SM
MD
LG