Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ба табодули сӯхти ҳастаӣ розӣ шуд


Дар ҷараёни музокирот бо Туркияву Бразилия Эрон ба табодули маводи сӯхти атомӣ ризоят дод. Ба назар мерасад, ин иқдом ташануҷ рӯи барномаи баҳсбарангези ҳастаии Эронро то ҳадде коҳиш хоҳад дод.

Дар поёни музокирот бо раҳбарони Бразилияву Туркия Ҷумҳурии Исломии Эрон ба табодули урани ғанигардонидашуда бо маводи сӯхти ҳастаӣ мувофиқат кард.

Ин созиш, ки рӯзи душанбе дар Теҳрон ба имзо расид, метавонад бунбасти байналмилалӣ рӯи барномаи ҳаставии Эронро рафъ намояд. Табодули урани дар саҳти поин ғанигардонидашуда бо маводи сӯхтро СММ ҳам дастгирӣ мекунад.

Баъди маросими имзои созиш президенти Эрон шашгона, яъне панҷ кишвари узви доимии Шӯрои Амнияти СММ: ИМА, Русия, Чин, Британияву Фаронса ва ҳамчунон Олмонро, ки ҳоло бастаи чоруми таҳримҳои Эронро баҳс доранд, ба даври нави музокирот бар пояи ба истилоҳ "шарафмандӣ, адолат ва эҳтироми тарафҳо" даъват кард.

Эрон тавофуқро тайид кард

Вазири корҳои хориҷии Эрон Манучеҳри Муттакӣ мегӯяд, ки дар давоми як ҳафтаи оянда Теҳрон тафсилоти созишро ба бунгоҳи ҳастаии СММ - Оҷонси байналмилалии нерӯи ҳастаӣ мефиристад.

"Ҷумҳурии исломии Эрон ризоят дод, ки 1200 килограмм урани дар сатҳи поин ғанигардонидашударо дар Туркия нигаҳ дорад. Дар қаламрави Туркия ҳам ин уран моли Эрон ҳисоб хоҳад шуд. Эрон ва Оҷонси байналмилалии нерӯи ҳастаӣ имкон хоҳанд дошт, ки бо ҳадафи муроқибати нигаҳдошти ин мавод дар Туркия гурӯҳи нозиронро ҷойгир намоянд."

Тибқи созиш Эрон урани то 3,5 дарсад ғанигардонидашударо дар Туркия таҳти назорати СММ қарор дода, дар ҷавоб маводи сӯхти ҳастаӣ барои пешбурди таҳқиқоти илмиву тиббӣ дарёфт мекунад. Шароити тақдими маводи сӯхти ҳастаӣ ба Эрон то ҳол ошкор нашудааст.

Созиши Теҳронро президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод, президенти Бразилия Луиз Инасио Лула да Силва ва сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон имзо кардаанд.

Мамолики ғарбӣ аз он нигаронанд, ки бо дарёфти урани дар сатҳи баланд ғанигардонида шуда, Теҳрон дар паи тавлиди силоҳи ҳастаӣ хоҳад шуд. Аммо Ҷумҳурии Исломии Эрон ин иттиҳомро қабул надорад.

"Тавофуқи муҳим"

Вазири корҳои хориҷии Туркия Аҳмад Довудоғлу изҳор намуд, ки созиши Теҳрон бояд таври мусбат арзёбӣ шуда, зарурати баҳси таҳрими баъдии Эронро аз байн барад.

Як мансабдори воломақоми исроилӣ, ки нахост номаш ошкор шавад, Эронро бо сӯиистифода аз раҳбарони Бразилияву Туркия муттаҳам кард.

Соли гузашта СММ ба Эрон пешниҳод карда буд, ки 1200 килограмм урани дар сатҳи поин ғанигардонишударо ба Русия фиристад, то ин мавод то 20 дар сад ғанигардонидашуда, сипас дар Фаронса дар милаҳои ҳастаӣ ҷо дода мешуд. Милаҳои ҳастаии мазкурро Теҳрон метавонист дар реактори ҳастаии илмӣ истифода барад.

Моҳи октябри гузашта Теҳрон пешниҳоди СММ-ро қабул кард, вале баъдан шарт гузошт, ки табодули уран бо милаҳои ҳастаӣ дар хоки Эрон ба вуқӯъ пайвандад. Ҷонибҳои дигар ин муомиларо рад карданд.
XS
SM
MD
LG