Бонуи 24-солаи арабиасли Амрико дар байни 50 барандаи зеботарин бонувон пирӯз омад ва ба унвони "Маликаи соли 2010-и Амрико" соҳиб гашт. Римо Фақеҳ, муҳоҷир аз Лубнон ба ташкилкунандагони озмун дар Лас Вегас гуфт, хонаводаи ӯ аз ду дин ҳам ислом ва ҳам масеҳият намояндагӣ мекунад. Римо дар синни хурдсолӣ ҳамроҳи хонавода ба Амрико ҳиҷрат карда, дар Ню Йорк ба воя расидааст, аммо дар озмун аз аёлати Мичигон намояндагӣ кард.