Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бразилия ва Туркия - миёнарави баҳси ҳастаии Эрон


Истиқболи Аҳмадинажод аз ҳамтои бразилиягияш
Истиқболи Аҳмадинажод аз ҳамтои бразилиягияш

Раисҷумҳури Бразилия Луис Инасио Лула да Силва ва вазири корҳои хориҷии Туркия Аҳмад Довудоғлу ин якшанберо дар Теҳрон бо гуфтушунидҳои тӯлонӣ ба сар бурданд.

Ҳарду бо мақсаде ба Эрон сафар кардаанд, то ризоияти сарони ҷумҳурии исломиро дар мавриди табодулаи сӯхти ҳастаӣ, ки пешниҳоди қудратҳои Ғарб аст, ба даст оранд.

Эрон пешниҳоди Созмони Милали Муттаҳидро, ки урани барояш зарурӣ дар хориҷа ғанӣ гардонида шавад, рад кард ва гуфт, ғанисозии уран дар дохили Эрон аҳдофи пажӯҳишӣ дорад. Пешниҳоди дигар ин буд, ки бахши умдаи сӯхти ҳастаӣ барои Эрон дар кишвари дигар нигаҳдорӣ ва дар ҳоли зарурат қисм ба қисм бо сӯхти истифодашуда табодула гардад. Ба ин пешниҳрд низ Эрон посухи рад додааст.

Ҳоло раисҷумҳури Бразилия ва вазири умури хориҷии Туркия, намояндагони ду узви даврии Шӯрои Амният талош доранд, Теҳронро мутақоид гардонанд, ки ин пешниҳодҳо роҳро ба эътирофи барномаи ҳастаии Эрон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ боз хоҳанд кард. Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳои он мегӯянд, Эрон дар пайи дастёфт ба силоҳи ҳастаист, вале Теҳрон ҳамеша ин иттиҳомро рад мекунад.

Ҳоло миёнравҳо мехоҳанд, Теҳрон осоишта будани барномаи худро бо пазириши яке аз пешниҳодҳои байнулмилалӣ ба исбот расонад.

Аксари хабаргузориҳо сафари Лула ва Довудоғлуро ба Теҳрон ва ин дидору гуфтугӯҳоро ба эҳтимоли қавӣ охирин имконияти Эрон пеш аз эълони таҳримҳои нави Созмони Милал зидди ин кишвар меноманд.

Раисиҷумҳури Бразилия Луис Инасио Лула да Силва гуфтааст, тамоми таҷрибаи сиёсии худро ба кор хоҳад бурд, то дӯсташ президенти Эрон Маҳмуди Аҳмаднажодро ба созиш бо ҷомеаи байнулмилал розӣ кунад. Ҳарчанд сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон Ромини Меҳмонпараст гуфтааст, мумкин аст, талошҳои Бразилиява Туркия ба қарордоде роҳ кушоянд, вазири корҳои берунаи Эрон, Манучеҳри Муттакӣ рӯзи шанбе дар Теҳрон аломат дод, ки кишвараш намехоҳад, ба зӯргӯӣ сари итоат орад. Вай изҳори умедворӣ кард, ки тарафҳо воқеияти Эронро эътироф ва роҳи дурустеро интихоб хоҳанд кард.

Аммо дар Вошингтон, вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон гуфтааст, зоҳиран Эрон бидуни зарбаи таҳримҳои нав ба гуфтушунид омода нахоҳад шуд. Вай ба муваффақияти сафари да Силва шубҳа кард. Раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев низ сафари да Силва ба Теҳронро охирин шанси пешгирии Эрон аз таҳримҳои нав номидааст.
XS
SM
MD
LG