Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурудгоҳҳои Лондон аз нав баста шуданд


Фурудгоҳҳои Лондон шаби гузашта бар асари дуди хокистари ношӣ аз вулқон ё оташфишон дар Исландия аз нав баста шуданд. Аз ин пеш парвозҳо дар аксари фурудгоҳҳои Бритониӣ ва Ирландия мутаваққиф шуда буданд. Ва аммо хадамоти назорати парвозҳои Британия хабар дод, ки ин дафъа ҳарими ҳавоӣ ба муддати тулонӣ баста нахоҳад шуд, зеро дуди хокистари вулқон сӯи ҷануб ҳаракат мекунад.
Миёнаҳои моҳи апрел бар асари ғубор ва хокистари ношӣ аз вулқон ё оташфишон дар Исландия ҳарими ҳавоии аксар кишварҳои аврупоӣ барои чандин рӯз баста шуданд ва ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ дасти кам 1 миллиарду 700 миллион доллар хисорот ворид гардид.
XS
SM
MD
LG