Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мадади Амрико ба осебзадагон дар Кӯлоб


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба зарардидагони сел дар Кӯлоб дар ҳаҷми 550 ҳазор доллар кӯмак фиристодааст. Вадим Садоншоев, масъули дафтари матбуоти сафорати ИМА дар Душанбе, гуфт, Амрико тасмим дорад, пас аз омӯзиши вазъ дар маҳалли офат барои осебзадагон дар Кӯлоб, кӯмакҳои вижа, махсусан доруворӣ низ фароҳам орад. Ин кӯмакҳо дар посух ба дархости ҳукумати Тоҷикистон аз ҷомеаи байнулмилалӣ ихтисос ёфтаанд. Бар асари обхезӣ дар Кӯлоб даҳҳо нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 2 000 манзили зист аз байн рафтааст.
XS
SM
MD
LG