Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адолат


Ғӯрмагас, барои «Блогистон»-и Озодӣ

Оварданд, ки дар бешае аз бешаҳо шере бо салвату бо ҳайбати ба худ хос ҳукмронӣ мекард ва миёни хосу ом ҳамчун шоҳи одилу фуқаропарвар машҳур гашта буд. Дар салтанати ӯ меш ҳамроҳи гургу оҳу пешопеши бабр ба обхӯра меомаданд ва калхоту шоҳин аз нағмасароии кабку булбул лаззат мебурданд. Чун беша дур аз маскани одамиён буд, ҳама чонварон болои сар танҳо шаҳаншоҳи хешро медиданд ва бар он ақида буданд, ки оғозу анҷом ва тамоми ҳастии дунё ҳамин беша асту, сарвари онон ва на аз ин беш.

Дар беша шағоли пире умр ба сар мебурд, ки бо кирдору рафтори беадолатона ва дурӯягиву ғайбатпешагиаш ном бароварда буд. Касеро чашми дид надошт, ба ҷузъ худ ва аълоҳазраташ ва аз субҳ ба даргоҳи муборак ба побӯсии ҳазраташ ҳозир мешуду, то шом он ҷо буд. Агар Худованди Якто ба ӯ додани болу парро лоиқ медид, шояд мурғакони ҳаво низ аз дасти ӯ ба дод меомаданд.

Вақте шаҳаншоҳ ба шикор мебаромад, шағол зи думболи аълоҳазраташ медавид ва ба маслиҳат оғоз мекард, ки гушти ину он ва фалону бисмадон аз дигарон болаззат аст ва шаҳаншоҳро ба ҳар полудагиҳо даҳон задан нашояд. Бо ин роҳ аз ҳамаи ононе, ки бар хилофи хоҳиши ӯ амал мекарданд, як-як қасд меситонид ва ҳам аз боқимондаи сайд шиками тағорамонандашро пур мекард.

Ҷнваракон, гарчанд аз ин кор бохабар буданд аз тарси он, ки мабодо фардо дар мавзӯъи сӯҳбати ин бадкирдор қарор нагиранд, ҳар яке лаб зери дандон ба худ мегуфтанд: «Ӯ ку шағол аст, боке нест, агар шағолиашро карда гаштан гирад» ва ё «Аз шағол дигар чиро умедвор шудан мумкин аст?».

Иттифоқо, миёни бабри ҷавон ва шағоли пир низоъ афтод. Бабри ҷавон, ки дур аз қавми хеш афтода буд бо андешаи дандонҳои тези шаҳаншоҳ аз мубориза танхо даст кашиду, ҳама ҷонвараконро дар мавзеъе ҷамъ овард ва аз рафтори шағол як-як нақл карда, ҳамаро ба муборизаи якдилона даъват намуд.

Нахуст оҳуи чамбаршох ба сухан оғоз карду, гуфт, ки миёни абои ӯву шағол аҳди дустӣ баста шуда ва иштироки ӯ дар ин мубориза гуноҳест нобахшиданӣ, рубоҳ бошад аз пайи оҳу роҳ пеш гирифта, изҳор кард, ки мову шағол хешони наздикем ва кадом бохирад ба ақрабои хеш дарафтодааст.

Сангпушт низ сар бардошту гуфт, ки дандони шағолу шер ба санги ман кора нахоҳад кард ва эълони ҷанг бо ӯ маро ҳоҷат нест. Хирси каҷпо гуё, чизеро намедиду намешунид ва гуё дар ин маҷлис ҳузур ҳам надошт, оромона ба суроғи занбурхона раҳсипор шуд… . Хулоса, ҳама ҷонваракон баҳонаву узре пеш оварда, як-як зи пайи кори худ шуданд.

Бабри чавон чунин ранг гирифтани корро тамоман нигарон набуд ва ба худ мепечиду меандешид, ки куҷо шудаанд он ҳама қоидаву қонунҳои шӯрои гала ва чаро имрӯз шағол уштурсавору болонишин ва чаро бабру гургу хирс рикобдорони ваянд ва чаро мусибати касе каси дигарро нороҳат намесозад?

Бабри пурхашм мехост шағол бигираду бидарад, пусти ӯро ба санги баландтарин бикашад ва бигӯяд, ки ҳой, мардум бешаро холӣ гумон набаред ва аз хуфтагон дар ҳарос бошед, вале… «соябони» шағолро пеши назар меоварду, дандон ба ҳам месоид ва лаб фуру мебаст.

… Ва бо андешаҳои гуногуну хотири мушавваш корро ба маслиҳат анҷом додани шуда, номае бо арзи эҳтироми хоса навишт ва шаҳаншоҳро шоҳи оламгиру беназир, бақуввату тавонои бемислу бо донишу ақли расо беҳамто хонд ва аз носипосии замона як-як шикоят намуда, ӯро ба лутфу карам даъват намуд….

... Инак лаҳзаи деринтизор фаро расиду, аз ҷониби шаҳаншоҳи олам варақаи фармон доир ба баргузор гаштани шӯрои гала, ки масъалаи аввалини рӯзномаи он муҳокимаи рафтору кирдори шағол буд, имзои муборак гузошта, ва бо мӯҳри давраи ҳумоюнӣ тасдик карда шуд.

Ҳама аҳли беша дар чойи таъингардида ҷамъ шуданд ва ҳамду сано ба бабри далер мехонданд, ки дар охир онҳоро аз ҷабру зулми шағоли бадкеш халос кард ва ҳама якҷоя омадани шаҳаншоҳи оламро интизорӣ мекашиданд ….

Аз дур шаҳаншоҳ, ки бо салобати ба худ хос оҳиста-оҳиста қадам мезад, намудор гашт. Шағоли бадкеш бошад, чун одати пешина аз думболи ӯ бовиқорона ва бо нимтабассум, аниқтараш бо заҳртабассуми сохтакорона қадам мезад.

Оқибат Шӯрои навбатии галаро кушода, гуфта, эълон намуданд, аммо… аммо ғайричашмдошт Шӯрои гала бабри сарсахтро барои беҳурматиаш нисбати наздикони шаҳаншоҳ ва туҳмати ноҳақ ба зоти шарифу воломақом гунаҳкор дониста, ба ҷазои сахттарин - бадарғаи якумра аз беша сазовор донистанд…. Шояд онҳо бехабар аз он буданд, ки берун аз бешаҳаки онҳо низ бешазору чаманзор ва саҳрову дашту биёбонҳои фарохи дигар арзи ҳастӣ доранд ва бабри ҷавону пурғайрат метавонад дар канори онҳо бо зиндагии осудаҳолона умр ба сар бубарад.

Гурги пир, ки аз дур ин маҷлисро наззора мекард, табассумҳои босавлатона ва нигоҳи омиронаи шағолро медид, зери лаб гуфт:
«Эй кош мабод, ки гадо мӯътабар шавад,
Чун мӯътабар шавад, зи Худо бехабар шавад».
XS
SM
MD
LG