Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳбуси собиқ аз Эрон ба Фаронса бозмегардад


Омӯзгори фаронсавӣ Клотилда Рейсс, ки аз тарафи мақомоти Эрон дар ҷосусӣ айбдор шудааст, имрӯз аз маҳбас озод шуд ва ба Фаронса парвоз кард. Хонум Рейсси 24-сола бо иттиҳоми ширкат дар тазоҳуроти пасоинтихоботии Эрон боздошт шуд ва ба пардохти 285 ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима маҳкум гашт. Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Фаронса хабар дод, ки Рейсс аллакай бо ҳавопаймо ба Дубай расид ва акнун озими Порис мешавад. Ҳабси Рейсс ба ташаннуҷ миёни Эрон ва Фаронса сабаб гардид.
XS
SM
MD
LG