Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуруснанишинии эътирозии 160 коргари АТЗ


Ҳудуди 160 коргар дар вилояти Олтой, воқеъ дар тақрибан 3000-километрии шарқи Маскав ва дар минтақаи Сибири Русия, ба далели 5 моҳ боз пардохт нашудани маошашон даст ба гуруснанишинӣ задаанд. Ба навиштаи хабаргузории Интерфакс, кормандони корхонаи тракторсозии Олтой мегӯянд, ки аз моҳи декабр ба ин сӯ маош нагирифтаанд. Намояндаи ҳизби коммунист дар Олтой Сергей Юрченко гуфтааст, гуруснанишинон мехоҳанд 80-нафарӣ тақсим шуда, ин амали эътирозии худро то дами расидан ба аҳдоф идома диҳанд.
XS
SM
MD
LG