Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи телефонии Медведев бо Камерон


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ва сарвазири ҷадиди Бритониё Девид Камерон дар як тамоси телефонӣ ҷиҳати беҳбуди равобити Маскаву Лондон ба ҳам тааҳҳуд супурдаанд. Медведев Камеронро бо интисобаш ба мақоми сарвазирӣ табрик гуфта, ба ӯ дар ин мақоми баланд орзуи муваффақият кардааст.
Равобити Русияву Бритониё аз соли 2006, дар пайи бар асари заҳролудсозӣ дар Лондон даргузаштани афсари собиқи ФСБ ва мунаққиди сарсахти Кремл Александр Литвиненко ба сардӣ гароид. Маскав, ба навбаи худ саркашии Лондон аз истирдоди атбоъи дар Бритониё паноҳбурдаи Русияро, ки дар ватан ба даст доштан дар ҷиноёт муҷрим шинохта шудаанд, ба боди интиқод мекашид.
XS
SM
MD
LG