Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Меҳроҷ нишоне намонда ...


Нишастамоҳ. Ин зан низ ду набераи худро дар селхезӣ аз даст додааст.
Нишастамоҳ. Ин зан низ ду набераи худро дар селхезӣ аз даст додааст.

Хосият, модари Меҳроҷи 7 сола, рӯймоли азодорӣ дар сар, зери хайма дар варзишгоҳи марказии Кӯлоб то ҳанӯз дар ёди ҷигарбандаш ашк мерезад ва мегӯяд: "Аз ӯ дигар нишоне боқӣ намондааст. Ҳатто ин сели бераҳм аксҳояшро низ бурд, то барои таскини дил онҳоро бубинам".


Хосияти мегӯяд, акси Меҳроҷ танҳо дар хотирааш нақш бастааст, ки дод мегуфт, вале аз дасти модар барои наҷоташ коре бар намеомад ва дар пеши назари модар ӯро офат нобуд кард.

Хосият мегӯяд: "Ҳатто ҷасадашро аз ман пинҳонӣ гур карданд. Меҳроҷамро бо хуни дил ва бе падар калон карда будам.”

Вақте, ки фарзанд пеши назар ҷон меканад...

Обхезии 7-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб дар қалби наздикону пайвандон даҳҳо қиссаҳои ҷонсӯз боқӣ гузоштааст.
Бархе аз ин модарон на танҳо як, балки ҳама фарзандони худро аз даст додаанд. Нишастамоҳ Камолова, нафари дигаре аз зарардидагон мегӯяд, он шаби шум ҳеҷ аз пеши чашмаш дур намешавад, зеро ҳамон шаб ду наберааш ҳалок ва як тани дигар маъюб шудааст.

Ин тилф ба зиндагӣ дар зери хаймаи варзишгоҳ одат накардааст ва ба модараш мегӯяд, биё хона равем. Модараш ба ӯ намегӯяд, ки хонае надорем.
-Вақте, ки фарзанд дар пеши назарат ба дарахт бархӯрда, ҷон медиҳад ва коре барои наҷот аз дастат намеояд, ин даҳшатноку ваҳшатнок аст. То лаҳзае, ки умр боқист ин фоҷеа бароям фаромушношуданӣ боқӣ хоҳад монд,-мегӯяд, ин зан.

“Танҳо саг зинда монд”

Аз маҳаллаи Чармгари Поён ва Новои Поён имрӯз ба ҷуз хонаҳои тахрибшуда ва ба замин яксон тақрибан чизе боқӣ намондааст. Ба истилоҳи худи мардум, маҳалли онҳо ба сангоб табдил ёфтааст. Бархе аз сокинони он бо умеди пайдо кардани ягон чиҳозу ашёи худ дар манзилҳои харобшуда ва пур аз лою сангашон машғули ҷустуҷӯ ва поккуниянд.

Бахтиёри Нуралӣ, навраси 14 сола ҳам, ки 2 рӯзи пеш аз беморхона ҷавоб шуда, рост ба ин маҳал омадааст ва тахтаву чубҳои манзилашонро аз зури хоку лой ҷамъмовари мекунад.

Ӯ мегӯяд, танҳо аз зери лою сангҳо саги гумшудаашро зинда пайдо кардаст, дар ҳоле, ки то кунун ягон инсони бенишоншуда дар паи ин офат зинда пайдо нашудааст.

Модар девона шуд...

Феълан аксари онҳое, ки аз селхезии шадид бо ҳар роҳе наҷот ёфтаанд, аз саломтаии худ шикоят мекунанд, онҳоро фишор, дарди сар, дарди дасту поё ё ҷароҳатҳои аз зангу об бардошта, азият медиҳанд. Ва як қисми дигар то ҳол дар беморхонаҳо бистарианд.

Ҷамила ном модаре фардои ин ҳодиса аз Русия баргашт ва танҳо дар ҷанозаи фарзандаш иштирок кард. Ба қавли наздикон дигар ӯ аз
ақл бегон шуд ва ҳоло дар бемористон бистарист ва бо касе сӯҳбат намекунад.

Тарсу ваҳм ва ҳолати равонии волидон низ ба атфоли хурдсоли онҳо бетаъсир намондааст. Кӯдакони, ки ҳеҷ намехоҳанд бехонагии худро дарк кунанд,дар ин варзишгоҳ дилгир шуда, мехоҳанд ки ба манзилҳои худ баргарданд.

Барномаи вижаи "Ояндасоз" аз сарнавишти осебидагони Кӯлобро ин ҷо бишнавед:

XS
SM
MD
LG