Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе барои Кӯлоб 120 манзил хоҳад сохт


Шаҳрдории Душанбе ахиран ҷиҳати ироаи бастаи нави кӯмакҳо ба мардуми аз селхезиҳои ҳафтаи гузашта осебдидаи шаҳри Кӯлоб тасмим гирифт. Ин бастаи ёриҳо аз маҳсулоти ғизоӣ ба маблағи умумии 37 000 сомонӣ иборат будааст.
Бино ба гузориши хабаргузории “Авасто”, ҳукумати Душанбе ҳамчунин ҷиҳати бунёди 120 манзил барои осебдидагон дар Кӯлоб қарор қабул кардааст. Ҳазинаи ин барномаи имдодӣ 12 миллион сомонӣ, ё худ 2,5 миллион доллар баровард шуда, қарор аст, сохтмони ин манозил аз ҳафтаи оянда оғоз ва то 1 сентябри соли ҷорӣ анҷом шавад.
XS
SM
MD
LG