Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Хатлон аз Узбакистон 200 вагон ворид шудааст


Ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, аз 8 то 13 май аз Узбакистон ба вилояти Хатлон беш аз 200 вагони бор ворид шудааст. Усмон Қаландаров, муовини раиси ин ширкат ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфт, феълан дар қаламрави кишвари ҳамсоя беш аз 900 вагон бори марбут ба Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ба гуфтаи ӯ, аксари ин вагонҳо ҳомили маводи сӯхт ва сементу битум будаанд. Қазияи вагонҳо миёни Тоҷикистону Узбакистон аз моҳи феврал идома дорад ва Душанбе дар пайи болиғ аз 2000 шудани теъдоди вагонҳои дар Узбакистон бандшудааш ба СММ ва САҲА муроҷиат кард.
Тошканд танҳо дар пайи селхезиҳои пурқурбонии Кӯлоб ба як теъдод вагонҳо иҷозати вуруд ба вилояти Хатлонро дод.
XS
SM
MD
LG