Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба манозили хешовандони Боқиев дар Ҷалолобод


Дар вилояти Ҷалолобод, воқеъ дар ҷануби Қирғизистон, афроди ношинос ба манзилҳои хешовандони раисиҷумҳури барканоршуда Қурмонбек Боқиев ҳамла карданд. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости бо такя ба шоҳидони ҳодиса иттилоъ додааст. Ба гуфтаи шоҳидон, ҳамлагарон се манзилро дар деҳаи Тайит оташ зада, як муҳофизонро куштаанд.
Дар ҳамин ҳол рӯзи ҷумъа Кенешбек Душебоев, кафили раиси хадамоти амниятии Қирғизистон, дар ташкили задухурдҳо дар шаҳри Ҷалолобод, ҷонибдорони раисиҷумҳури барканоршуда Қурмонбек Боқиевро айбор кард. Ба навиштаи хабаргузориҳо, субҳи рӯзи ҷумъа тақрибан 300 тан аз ҷонибдорони Боқиев бинои ҳукумати вилояти Ҷалолободро ишғол карданд. Дар канори бино миёни онҳо ва ҷонибдорони ҳукумати муваққат задухӯрд ба вуқӯъ пайваст. Ба иттилоъи вазорати ҳифзи сиҳати Қирғизистон гуфтанд, дар ин ҳодиса як нафар кушта ва даҳҳо тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтаанд.
Дар Ӯш, дигар шаҳри ҷанубии Қирғизистон, намоишгарон бинои қаблан ишғолкардаи ҳукумати вилоятро тарк намуданд.
XS
SM
MD
LG