«Вахш» 3:0 «Нагакорп» (Камбоҷа). Голҳо: Маҳмадалӣ Содиқов 44, Рустам Усмонов 64, Аҳтам Ҳамроқулов 75.
«Вахш»: Фарҳод Юлдошев, Алексей Неъматов, Асадулло Нуруллоев, Акмал Сабуров, Субҳон Хоҷамов, Баҳодур Шарифов (Ҷамолиддин Зардиев 82), Рустам Хоҷаев, Умедҷон Шарифов (Абдуқаюм Қарабоев 30), Маҳмадалӣ Содиқов (Аҳтам Ҳамроқулов 71), Нӯъмон Ҳакимов, Рустам Усмонов.
Аввал намози ҷумъа, сипас бозӣ
Барои нахустин бор дар таърихи сабқатҳои осиёӣ дастаҳои Тоҷикистон ва Камбоҷа рубаруи ҳам ба майдон мебаромаданд.
То ин бозӣ аллакай «Вахш» дар як дасташ порае аз роҳхатро медошт. Дар ду бозии аввал «Вахш» 6 хол ба даст оварда, ва бо мусовӣ бо камбоҷаиҳо низ метавонист ҷойи аввалро бигирад.
Вале бозигарони тоҷик ба ин бозӣ низ танҳо бо умеди пирӯзӣ ба майдон баромада буданд. Нарзулло Латифов, хабарнигори Радиои Озодӣ, аз Янгон хабар медиҳад, қабл аз бозӣ футболбозони тоҷик намози ҷумъаро дар масҷиди шаҳри Янгон хонданд ва дуо карданд, ки дар ин бозӣ низ Парвардигор бо онҳо бошад.
Ҳамин тавр ҳам шуд ва бозии саввум низ ба мисли бозиҳои қаблӣ дар зери навои табли қаҳрамонони Тоҷикистон гузашт. Аллакай дар оғози бозӣ Нӯъмон Ҳакимов, капитани даста, метавонист дарвозабони рақибро маҳзун созад, вале дилаш сӯхтва тӯбро ба сӯи дигар зад.
Аммо дар охири қисми аввал ба ҳар ҳол футболбозони тоҷик дарвозабони камбоҷаиро ношод карданд. Маҳмадалӣ Содиқов аз канори майдон ба сӯи пеш ҳаракат кард ва бо зарбаи сахту зебое тӯбро бо тӯри дарвозаи рақиб шинос кард. Як бар сифр.
Достони Рустам ва «Вахш»-и ӯ
Сипас, навбати Рустами достон расид. Рустам Усмонов, муҳоҷими номдори «Вахш», дар дақиқаи 64-ум голи панҷуми худро дар ин се бозӣ вориди дарвозаи рақиб кард ва феълан беҳтарин голзани ин марҳилаи Ҷоми раиси КФО мебошад.
Сарфи назар аз ҳавои тасфони Янгон бозигарони тоҷик суръати бозиро кам намекарданд ва даҳ дақиқа баъдаш, бозигари ҷавон Аҳтам Ҳамроқулов дар ин бозӣ нуқта гузошт.
Қабл аз голи Аҳтам довари баҳрайнӣ бозигари камбоҷаиро барои бозии дурушташ бар зидди Маҳмадалӣ Содиқов, яке аз фаъолтарин исмҳои даста дар имрӯз, корти сурх нишон дод.
Қаҳрамони Тоҷикистон, дастаи «Вахш», дар ин сабқат сарфи назар аз он ки рақибонаш бештар мутобиқ ба ҳавои тасфону нами ин ҷо буданд, тавонист, дар ҳар се бозӣ ғолиб ояд, ба дарвозаи се рақиб дарм аҷмӯъ 10 гол бизанад ва аз дарвозаи худ ҳеҷ тӯбе сар надиҳад.
Ҳар се бозиро «Вахш» бо ҳамон як ҳайъат оғоз мекард ва сипас бо назардошти рафти бозӣ сармураббии ҷавон Аслиддин Ҳабибуллоев ба майдон бозигарони ҷавонро мебаровард.
«Вахш» дар тирамоҳ низ пирӯз хоҳад омад
Дар бозии дигари ин гурӯҳ «Ренаун Спортс Клаб» бар «КРЛ»-и Покистон бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. «Вахш» соҳиби 9 хол гардид ва се дастаи дигар се холӣ гирифта, саргузаштҳои худро дар сабқати имсолаи осиёӣ анҷом бахшиданд.
Ҳамин гуна, «Вахш» ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми раиси КФО-2010 роҳхат гирифт. Марҳилаи ниҳоии ин сабқат тирамоҳи соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд, ва эҳтимол дорад, шаҳри Қурғонтеппа низ барои мизбонии ин марҳилаи ниҳоӣ талош бикунад. Соли гузашта низ марҳилаи ниҳоии ин сабқат дар Тоҷикистон, дар Турсунзода, доир шуда буд ва «Регар» ТадАЗ ҷомро ба даст оварда буд.
Сармураббии «Нагакорп»-и Камбоҷа пас аз анҷоми бозӣ гуфт, боварӣ дорад, ки чунин дастае чун «Вахш» имсол низ анъанаи «Регар» ТадАЗ-ро идома дода, соҳиби ҷом мегардад. Ҳамтои тоҷики ӯ Аслиддин Ҳабибуллоев низ гуфт, чнуину медро дар дил дорад ва ҳамчунин ҳамагонро ба Тоҷикистон даъват кард, агар марҳилаи ниҳоиро ба Қурғонтеппа бидиҳанд.
Истироҳат ва сипас ба роҳ
Ҳамакнун, бозигарони тоҷик се рӯзи дигар Янгон хоҳанд монд ва бо маконҳои хушманзари ин шаҳр шинос хоҳанд шуд. Нарзуллоҳи Латиф, хабарнигори Озодӣ дар Янгон, мегӯяд, бегоҳи 17-уми март «Вахш» ба Бангкок ва аз он ҷо ба Тошкант парвоз хоҳад кард. Бегоҳи 18-уми май даста ба Хуҷанд мерасад ва дар ҳамон ҷо барои бозии даври навбатии Лигаи Олӣ бо «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров омодагӣ хоҳад гирифт.
Феҳрасти голзанҳо:
• Рустам Усмонов (“Вахш”) – 5 гол
• Бердӣ Шамуратов (МТТУ) ва Пай Сое («Яданарбон»)– 4 голӣ
• Ватанак Тиаб («Нагакорп»), Ян Пейнг («Яданарбон»), Юрий Волос («Дордой») – 3 голӣ
• Арсланмурат Аманов (МТТУ), Калимуллоҳ (КРЛ), Илдар Амиров ва Давид Тетте (Ҳар ду аз «Дордой»), Муҳаммад Инамул Ҳақ («Абахани»), Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш»), Шанмугараҷа Санҷив («Ренаун Спортс Клаб») - 2 голӣ
• Давид Саркисов, Пирмурат Газаков (ҳар ду аз МТТУ), Чий Чам (“Нагакорп”), Алексей Неъматов, Маҳмадалӣ Содиқов ва Нӯъмон Ҳакимов (ҳама аз “Вахш”), Аунг Кяв Мо, Йе Зоу Ҳтет Аунг, Айе Мо ва Тҳет Нейнг (ҳама аз «Яданарбон»), Артём Муллоҷонов («Дордой»), Чим Самбо («Нагакорп»), Муҳаммад Иззатул Анам ва Абдулазиз Фазлур Раҳман (ҳар ду аз «Ренаун Спортс Клаб»), Аҳмад Шаҳид (КРЛ) – 1 голӣ.
Тақвим ва ҷадвали пурраи бозиҳо:
Гурӯҳи “А”:
• 12-уми май: «Дордой» (Бишкек) 5:0 «Ҳасус» (Тайван)
• 12-уми май: «Абаҳани Лимитед» (Бангладеш) 2:0 «Ню Роуд Тим» (Непал)
• 14-уми май: «Ню Роуд Тим» 0:3 «Дордой» (Қирғизистон)
• 14-уми май: «Ҳасус» 0:0 «Абаҳани Лимитед»
• 16-уми май: «Ҳасус» – «Ню Роуд Тим»
• 16-уми май: «Абаҳани Лимитед» – «Дордой»
Гурӯҳи “Б”:
• 10-уми май: «Нагакорп» (Камбоҷа) 1:2 «КРЛ» (Покистон)
• 10-уми май: «Вахш» 6:0 «Ренаун Спортс» (Шри-Ланка)
• 12-уми май: «КРЛ» 0:1 «Вахш»
• 12-уми май: «Ренаун Спортс» 2:4 «Нагакорп»
• 14-уми май: «Вахш» 3:0 «Нагакорп»
• 14-уми май: «КРЛ» 1:2 «Ренаун Спортс»
Гурӯҳи “С”:
• 9-уми май: МТТУ (Туркманистон) 8:0 «Дракстерс» (Бутан)
• 11-уми май: «Яданарбон» (Мянмар) 11:0 «Дракстерс» (Бутан)
• 13-уми май: МТТУ 0:0 «Яданарбон»

Даста | Б | П | М | Ш | T/T | Х |
«Вахш» | 3 | 3 | 0 | 0 | 10-0 | 9 |
«КРЛ» | 3 | 1 | 0 | 2 | 3-4 | 3 |
«Нагакорп» | 3 | 1 | 0 | 2 | 5-7 | 3 |
«Ренаун» | 3 | 1 | 0 | 2 | 4-11 | 3 |
Гурӯҳи “С”:
• 9-уми май: МТТУ (Туркманистон) 8:0 «Дракстерс» (Бутан)
• 11-уми май: «Яданарбон» (Мянмар) 11:0 «Дракстерс» (Бутан)
• 13-уми май: МТТУ 0:0 «Яданарбон»
Даста | Б | П | М | Ш | T/T | Х |
«Яданарбон» | 2 | 1 | 1 | 0 | 11-0 | 4 |
МТТУ | 2 | 1 | 1 | 0 | 8-0 | 4 |
«Дракстарз» | 2 | 0 | 0 | 2 | 0-19 | 0 |