Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин қурбонии бархӯрдҳои нави Қирғизистон


Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққатии Қирғизистон, нисфирӯзии 14-уми май гуфт, ҳукумати ӯ ғайр аз вилояти Ҷалолобод саросари кишварашро таҳти назорат гирифтааст.

Роза Отунбоева дар робита ба ҳодисаҳои ғасби бинои ҳукумати вилояти Ӯш ва таъсиси гирдиҳамоиҳо дар вилояти Ҷалолобод гуфт, Усен Сиддиқов, собиқ раиси дастгоҳи ҳукумати Боқиев, «сардори бевоситаи ҳамаи ин беназмиҳо» будааст. Ба гуфтаи раиси ҳукумати муваққатии Қирғизистон, Усен Сиддиқов аз тарафи кормандони амнияти кишвараш имрӯз дар ноҳияи Новкенти вилояти Ӯш мавриди боздошт қарор гирифт ва дар ҳамин ҳол бозпурсӣ мешавад.

Хонум Отунбаева гуфт, шумори кушташудагони ҳодисаҳои 7-уми апрел ба 87 нафар расид. Ба гуфтаи ӯ, дар ин шабонарӯз боз ду нафари дигар аз ҷароҳати шадид ҷони худро аз даст додаанд.

Ӯ гуфт, дар ҳамин ҳол дар бинои ҳукумати вилояти Ҷалолобод як гурӯҳ тарафдорони Боқиев, ки ниқоб пӯшидаанд ва як гурӯҳ занон мехоҳанд муқовимат нишон диҳанд. Роза Отунбоева гуфт, онҳо саъй доранд, ки ин афрод бидуни зарари ҷисмонӣ бинои ҳукумати вилоятро тарк кунанд.

ҲОДИСАҲОИ ҶАЛОЛОБОД ВА ӮШ

Раиси ҳукумати муваққатии Қирғизистон ҳамчунин гуфт, шумораи захмиёни Ҷалолобод ба 38 нафар расид ва онҳо аз тири силоҳҳои оташфишонӣ ҷароҳат бардоштаанд. Аз ин захмҳо як нафар ҷони худро аз даст дод.

Ба таъкиди мақоми аввали қирғиз, Боқиев ва писарони ӯ ҷавонони кишварашро истихдом кардаанд ва ба онҳо барои таъсиси беназмиҳо аз 500 то ҳазор сомӣ ё муодили 10 ва 20 доллари амрикоӣ подош додаанд.

Tensions In Kyrgyzstan
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:33 0:00
Линки мустақим


Роза Отунбоева аз мардуми кишвараш даъват кард, ки оромиву суботро риоя кунанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳаёти мардуми кишвараш ба хатар мувоҷеҳ нест ва дар мавриди суботу амният ҳукумати нав тамоми чораҳоро пиёда кардааст.

Кенешбек Дуйшебоев, раиси кумитаи амнияти ҳукумати муваққатӣ, гуфт, Марат Боқиев, писари бузурги Қурмонбек Боқиев, ба Қирғизистон як миллион доллари амрикоӣ ирсол кардааст ва тарафдорони ӯ 12-уми май дар Бишкек даст ба тазоҳурот заданд. Ӯ гуфт, ҳамзамон, таҳаввулоти дигари марбут ба эътирозҳо ва аксуламалҳои зидди ҳукумати муваққатӣ тавассути ин маблағ роҳандозӣ шудаанд.

Оқои Дуйшебоев аз Қазоқистон, ки раёсати САҲА-ро бар дӯш дорад, норизоӣ кард. Ба гуфтаи раиси кумитаи амнияти қирғиз, маҳз ин кишвар ба тарафдорони президенти барканоршуда Боқиев имкон фароҳам кардааст, ки онҳо аз марзи ин кишвар дар Қирғизистон вазъиятро беборубор созанд.

ҚИРҒИЗИСТОН. ТАРКРОРИ СЕНАРИЯИ ТОҶИКИСТОН?
XS
SM
MD
LG