Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳамкориҳои низомӣ ангезаҳои сиёсӣ доранд"


Сафари вазири дифоъи Эрон дар зеҳни маҳофил як силсила суолҳоеро ба миён овардааст, ки оё аҳдофи пасипардагии ин сафар чист ва тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар соҳоти низомӣ чӣ маъно дорад? Чунин ҳамкориҳо то куҷо мутобиқ ба ӯҳдадориҳоест, ки Тоҷикистон ба ҳайси узви паймони амниятие, чун Паймони амнияти дастаҷамъӣ бар дӯш дорад?

Радиои Озодӣ посухи ин суолҳоро аз Раҷаб Сафаров, донишманди тоҷик ва мудири кулли Маркази мутолиоти Эрони муосир дар Маскав, пурсон шуд. Нахустин суол ҳам пиромуни аҳдофи сафари вазири дифоъи Эрон ба Тоҷикистон буд.

Раҷаб Сафаров: - Ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар риштаҳои низомӣ, ба назари ман, ангезаҳои сирф сиёсӣ дорад, чунки чунин ҳамкорӣ нафақат аз сӯи Русия, балки аз ҷониби хеле аз кишварҳои Осиёи Марказӣ низ бо ҳассосият қабул мешавад. Тоҷикистон дар ин авохир ба маҳзи як силсила далоил, аз ҷумла равобити сиёсиаш бо Русия, мехоҳад як андоза мустақилияти худ аз шариконаш дар паҳнои пасошӯравиро ба намоиш гузорад. Вале, ба таъбири маъруф, сар бошад, тоқӣ ёфт мешавад. Ва Душанбе, ки ба кӯмаки фаъолонаи Русия дар он чаҳорчӯб ва ҳаҷми қаблӣ дигар умед намебандад, талош дорад ин холигоҳи эҷодшударо аз ҷумла тавассути густариши равобит бо Эрон пур кунад. Душанбе, ба назари ман, бо ин роҳ мехоҳад ба Маскав паём бидиҳад, ки васоили дигари равобит низ дорад. Аз ҷумла бо Эрон.

Радиои Озодӣ: - Аммо, Раҷаб, дурнамои равобити Душанбеву Теҳрон дар соҳоти низомӣ то куҷо метавонад бикашад? Бахусус бо таваҷҷӯҳ ба тааҳҳудоте, ки Тоҷикистон, барои мисол, дар чаҳорчӯби Паймони амнияти дастаҷамъӣ бар ӯҳда гирифтааст?

Раҷаб Сафаров:
- Гумон аст, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар соҳоти низомиву фаннӣ табиати амиқ ва дарозмуддат касб кунанд. Чунки ин як соҳаи ба сари худ хеле ҳассос аст ва ҳар навъ намоиши фаъолияти Эрон дар Тоҷикистон метавонад ҳамчун аломати фаъолияти ин кишвар дар саҳнаи Осиёи Марказӣ арзёбӣ шавад ва ба як омили асабоният дар майдони сиёсатҳои бузурге, чун сиёсати Русияву Эрон ва Эрону Осиёи Марказӣ табдил биёбад. Ба назари ман, ин бештар як талоши бозист, ки Эрон ҳам бо Тоҷикистон бозӣ мекунад ва Тоҷикистон низ, ба навбаи худ, бо ба бозӣ даровардани қартаи Эрон мехоҳад ба кишварҳои мушаххас паёми равшане бифиристад, ки чунин интихоберо низ дар ихтиёр дорад.

Радиои Озодӣ:
- Вале фикр намекунед, ки ин сафар барои Теҳрон як навъ намоишӣ ҳам бошад, ки нишон бидиҳад, Ҷумҳурии исломӣ дар инзивоъ қарор нагирифтааст?

Раҷаб Сафаров: - Эрон аз муқтадиртарин кишварҳои ҷаҳони исломист ва амалан як абарқудрати минтақавист, ки ҳар қадамаш ҳисобшуда аст. Ва ҳар мавриди сардии равобит миёни кишварҳои осиёи Марказӣ ва, барои мисол, Русия, ҳатман талоши дар ин саҳна барои худ ҷойи по ҷустани Эронро ба дунбол меорад. Эрон дар ҳаёти байналмилалӣ ба қадри кофӣ фаъол ҳаст ва зарурати бузурге барои намоиши ҳузури худ, аз ҷумла дар мисоли равобити низомиаш бо Тоҷикистон намебинад. Теҳрон хуб медонад, ки ҳар навъи намоиши фаъолият дар чунин соҳаи ҳассос аз чашми бозигарони дигар пинҳон намемонад. Намоиши чунин ҳузур бештар ба сӯди Тоҷикистон мебуд. Эрон фақат аз фурсати муносиби ба маҳзи сардии равобити Тоҷикистон бо шарикони суннатиаш пешомада бо пешниҳоди ҳимоят ба манфиати худ истифода бурда, бо ин роҳ мехоҳад нуфузашро дар минтақа тавсиа бубахшад. Нуктаи муҳим ҳамин аст.

Радиои Озодӣ: - Оё Душанбеву Теҳрон метавонанд ҳамкориҳои худ дар риштаҳои низомиро бо қарордодҳои мушаххасе, аз ҷумла дар мавриди таъмини артиши Тоҷикистон бо силоҳҳои сохти Эрон, ба истилоҳ, мазмуну мундариҷаи нав бубахшанд?

Раҷаб Сафаров: - Дар дурнамо пешрафти қобили мулоҳизаеро набояд чашмдор шуд. Тамосҳо дар сутуҳи баланди дипломатӣ идома хоҳанд кард, вале ин ҳама таъмини Тоҷикистон бо силоҳ ваё пуштибонии Эрон аз Тоҷикистон дар соҳоти низомиро ба дунбол нахоҳад овард. Ба назари ман, сафари Ваҳидӣ як навъ партофтани шаст ба ҳавзи Тоҷикистон аз ҷониби вазорати дифоъи Эрон буд, ки дар оянда чӣ хоҳад шуд? Бахусус бо таваҷҷӯҳ ба он таҳдидҳои мавҷуда ба амнияти Эрон. Вале Эрон ба қадри кофӣ зирак аст, ки ба пайомади гаштҳои худ дар Тоҷикистон наяндешад ва бо ин гаштҳо равобити худро бо дигар бозигарони муҳим дар саҳнаи ин минтақа хароб кунад.
XS
SM
MD
LG