Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олимони тоҷик дар ҷустуҷӯи астероид

Гурӯҳе аз ситорашиносони Тоҷикистон ҳамроҳ бо донишмандони Амрико ва Португалия саъй доранд, пораҳои шиҳоберо пайдо намоянд, ки тобистони соли 2008 дар осмони Тоҷикистон сӯхт ва ба қавли бисёриҳо калимаи Аллоҳро тасвир кард.

Шиҳоби мазкур рӯзи 28-уми июл дар Тоҷикистон мушоҳида шуд ва ҷавонони чаққон ҳам акси онро бардошта будаанд ва мунаҷҷимони тоҷик ҳам онро аз наздик мушоҳида карданд.

Шиҳобҳо ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи олимони ҷаҳон будааст ва дар сӯҳбате, ки бо Хурсанд Ибоддинов, мудири Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Тоҷикистон доштам, нахуст аз ӯ пурсидам, ки таҳқиқи шиҳоби мазкур баъди 2 сол барои ҷомеаи илмии Тоҷикистону ҷаҳон чӣ аҳамият дорад?

  • Акси 16x9

    Тоҳири Сафар

    Аз соли 1999 корманди Радиои Озодист. То 2001 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе фаъолият дошт ва ҳоло дар Прага кору зиндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG