Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз ҳам дар Бишкек тазоҳурот баргузор шуд


Дирӯз дар майдони марказии шаҳри Бишкек тақрибан 2 000 нафар гирдиҳам омаданд ва тақозо карданд, ки Қурмонбек Боқиев ба додгоҳ кашонда шавад. Боқиев, ки моҳи гузашта аз Қирғизистон фирор кард, ҳоло дар ғурбат дар Беларус ба сар мебарад. Ҳукумати муваққатӣ, ки баъд аз фирори вай ба қудрат расид, вайро барои куштори беш аз 80 нафар дар тазоҳуроти эътирозии 7-ӯми апрел муттаҳам медонад. Фарид Ниёзов-як мақоми расмии ҳукумати муваққатӣ ба радиои Озодӣ гуфт, гирдиҳамоӣ сулҳомез будааст. Дар назди бинои шаҳрдории Бишкек низ тазоҳуроти дигар ба ҷонибдорӣ аз шаҳрдори пешин Нариман Тулеев баргузор шуд. Онҳо мегуфтанд, ки шаҳрдор барои иртиботаш бо Боқиев ғайриодилона аз мақом барканор шудааст.
XS
SM
MD
LG