Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як кӯдак баъд аз суқути ҳавопаймо зинда мондааст


Суқути ҳавопаймои мусофирбар дар Либия беш аз 100 кушта ба ҷо гузошт. Ширкати “Африқия Эйрвейз” гуфт, ҳавопаймои “Airbus A330”, ки аз шаҳри Йоҳаннесбурги Африқои ҷанубӣ парвоз мекард ва 104 сарнишин дошт, ҳангоми нишастан дар фурудгоҳи Триполӣ, пойтахти Либия суқут кард, вале иллати сониҳа ҳанӯз рӯшан нест.

Беш аз 60 мусофири ҳавопаймо шаҳрвандони Ҳолланд будаанд.

Муҳаммадалӣ Зайдон гуфт, то кунун аз маҳалли суқути ин ҳавопаймо дар ҳавлии фурудгоҳи Триполӣ, пойтахти Либия аҷсоди 96 нафарро берун кашидаанд. Ҳавопаймои суқуткарда дар маҷмӯъ 104 сарнишин доштааст. Иллати сониҳа ҳанӯз рӯшан нест.

Ин ҳавопаймо ба ширкати “Африқия Эйрвейз” тааллуқ дошта, аз шаҳри Йоҳаннесбурги Африқои ҷанубӣ ба парвоз даромада буд ва баъд аз як таваққуфи кӯтоҳ дар фурудгоҳи Триполӣ бояд ба Лондон парвоз мекард.

Дастикам 60 тан аз мусофирони ин ҳавопаймо аз Ҳолланд ва як бахши дигараш аз Бритониё ва Африқои ҷанубӣ будаанд.











































XS
SM
MD
LG